Arzon march 2024
ДИЛНОЗА БА ҶАНОБИ ОЛӢ ЧӢ ГУФТ?
4351

Зимни сафари навбатии Президенти кишвар ба вилояти Хатлон як духтари ҷавон дар Фурудгоҳи шаҳри Бохтар ба Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилии бехонагӣ шикоят кард.

Дар як моҳи охир ин аллакай маротибаи дуюм аст, ки духтарони ҷавон дар ҷараёни сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо ба таври ногаҳонӣ бо Президент суҳбат мекунанд.

Пештар аз ин рӯзи 12- сентябр Хосият Олишова дар шаҳри Панҷакент ба пеши мошини Президент давид ва мактубашро ба дасти Эмомалӣ Раҳмон дод. Баъд аз гузаштани даҳ рӯз сокини ноҳияи Кушониён Дилноза Давлатова ҳангоми пешвози Президент дар Фурудгоҳи шаҳри Бохтар ба Эмомалӣ Раҳмон шикоят кард.

Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22- сентябр ба маркази вилояти Хатлон рафт. Дилноза дар фурудгоҳ ҳамроҳи дигар дутарон мерақсид. Ӯ хонандаи синфи 11 – и МТМУ №26 - и ноҳияи Кушониён аст.

Дилноза ҳамроҳи модараш дар ҷамоати Бӯстонқалъа иҷоранишин аст ва падараш чанд сол пеш аз онҳо ҷудо шудааст. Тоҷиннисо Қосимова, корманди Беморхонаи вилоятии Хатлон аст. Дилноза духтараш аст. Ӯ дар суҳбат бо мухбири Радиои Озодӣ гуфтааст, ки то ҳол намедонад чаро Дилноза ин корро кард. “Модараш ҳастам, мепурсам, чизе намегӯяд. Мегӯяд, ин роз байни ману ҷаноб аст, ман дарди диламро гуфтам, мактубамро додам.

Ман вазнинии зиндагиро ба ӯҳдаи худ мегирам ва ба фарзандон чизе намегӯям”, - гуфт модари Дилноза.

Дилафрӯз Маҳмадалиева, муовини раиси ноҳияи Кушониён гуфт, ки аллакай гуруҳи корӣ ташкил шудааст ва “чӣ дархосту кӯмаке мехоҳанд, аз тарафи раиси ноҳия расонда мешавад. Мо кӯшиш мекунем, ки тамоми хоҳиши духтар иҷро шавад”, - гуфт ӯ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД