new banner new years
Дигар маст намешавам! (ҚИСМИ 3)
28.12.2024
АРДАШЕР
1718

Ҷавон як-як ба сомеон нигариста, бовар ҳосил кард, ки ҳама ба ӯ таваҷҷуҳ доранд ва сипас афзуд:

- Боре дар ҳолати мастӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ нишаста будам. Мусофирони нақлиёт сӯям бад-бад нигариста, зери лаб ҳарчӣ - ҳарчӣ мегуфтанд. Ман бошам, беист сафсатта мехондам. Ҳамон вақт гуфтаам, ки солам гов буд, хар кардам. Ҳама ба ҳолам хандиданд. Хандахариш шудам, вале...

Хандахариш шудам, вале аз ин амалам завқ мебурдам. Мегӯянд-ку, “мастӣ ба пастӣ меорад”. Инаш ҳам майлаш, аз ҳама аламовараш медонед чӣ шуд?,- ба ҳозирин бо суол нигарист Дилшод.

- Чӣ шуд, ки аз ин ҳам аламовар будааст?,- суол кард Ҷасур.

Ҳанӯз пиёлаҳо пур аз шароб рӯйи дастурхон истода буданд.

- Дар ҳамон нақлиёти ҷамъиятие, ки ман ин қадар девонагӣ мекардам, духтарам ҳамроҳи набераам нишаста будааст. Аз ман се-чор қатор пеш келинчаке борон мегирист. Ҳама ҳайрон -ҳайрон ба ӯ нигоҳ мекарданд. Ман бошам, аҳамияте надода, ҳарчиҳо мегуфтам. Келинчак мегиристу мегирист, баъдан фаҳмидам, ки духтарам будааст. Ӯ аз дастам дошта, гирякунон то хона овард. Хайрият, ки ҳамроҳи хушдоманаш набудааст, вагарна тамоман шарманда мешудам.

Шуморо намедонам, дӯстон, лекин ман баъди нӯшидани шароб бениҳоят бадҷаҳл мешавам. Бовар кунед, дар хона на табақ, на коса мондааст. Арақ нӯшида, хеле табақу коса шикастаам. Ғайрат рост мегӯяд, баъди арақнӯшӣ дар хона тинҷӣ намешавад.

Дилшод ин суханонро гуфту хомӯш монд.

- Ҳа, нагӯ, Дилшодҷон, ба ин суханонат ман низ ҳамроҳ. Ман ҳам борҳо оинаҳои хонаро шикастаам. Дар вақти мастӣ шикаста, дар ҳушёрӣ пушаймон шудаам. Боз ба кӣ зарар, ба кисаи худам. Ғайр аз ин борҳо пулҳоямро дуздидаанд. Баъзан вақт худам бо ду дасти адаб додаам. Мастӣ-дия!

- Шодиёна гуфта додӣ, ё чевӣ,- хандида гуфт Ҷасур.

- На ину на он. Валинеъматӣ кардам. Дар ҷойе, ки маро 10 сомонӣ мебаранд, 210 сомонӣ додаам. Боз бо розигии худ. Аз ин пеш ҳам борҳо пуламро гум кардаам ё бо ризогиям ба ягон нафар додаам. Баъди ҳушёр шудан пушаймоне, ки шудаам, ногуфтанӣ. Аз ин рӯ, ман ҳам аз арақнӯшӣ рӯй тофтанӣ будам.

Худ қазоват кунед. Дар кадом ҷамъият майзада обрӯву эътибор дорад? Ҳурмату эҳтироми ҷамъият ҳам нисбати мо нест. Моро ҳама бо ангушти ишорат як алкаш ном мебаранд. Хайр, ман ку он қадар майпараст не!

Дар ҷое хонда будам, ки мунтазам истеъмол кардани шароб одамро бармаҳал пир месозад. Умри майзадаҳо бошад, аз ҳисоби миёнаи умри дигарон 15 сол кам аст. Ин ҳамаро дониста истода, пас чаро боз шаробнӯшӣ кунем!?,- ба ҳамагон як-як нигариста, мунтазири ҷавоб шуд Саид.

Ғайрат, ки то ин дам суханони дӯстонашро гӯш мекард, гуфт:

- Дӯстон, арақ аз ман обрӯямро, эҳтиромамро, ғурурамро, сарватамро, савлатамро, давлатамро, оилаамро, зани дӯстдоштаву фарзандони гул барин зебоямро, бахтамро, хонаву дарамро ва дар охир саломатиямро ҳам гирифт. Арақ умрамро хазон кард ва ҳоло ман дар охири роҳ қарор дорам ва охирин лаҳзаҳои ҳаётамро паси сар мекунам.

- Ғайрат, чаро ин тавр мегӯйӣ?

- Ҷигарам аз бисёр нӯшидани шароб ба гуфти табибон тамом шудааст. Шояд дар кӯтоҳтарин фурсат маргам фаро расад. Дидед, ман дардро бо пул харидам, акнун саломатиямро бо пул ҳам, бе пул ҳам харида наметавонам. Кош барвақттар ин ҳамаро дарк мекардам. Кош медонистам, ки арақнӯшӣ дар паси худ ин қадар зарарҳо дорад. Ана ҳаминро мегӯянд, ки пушаймонӣ суд надорад. Кош баъди пушаймон шуданам саломатиям аз нав барқарор мешуд. Дӯстон, аз ман ба шумо тавсия, дигар шароб нанӯшед. Дидед ба шумо ҳам чӣ гуна воқеаҳо маҳз дар мастиятон рӯй додааст. Ҳоло ки солимед, шаробнӯширо бас кунед.

Ғайрат инро гуфту пиёлаи шаробро ба замин рехт. Баъдан Саид, Дилшод ва Ҷасур ҳам як-як пиёлаҳои шаробро ба замин холӣ карда, қавл доданд, ки майпарастиро бас мекунанд.

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД