- Канӣ, дӯстон, марҳамат, гиред, ин ҳама нозу неъмат барои шумоён аст. Ана ин нуқлу кабоб ҳам махсус барои худамон. Имрӯз ҳама ғаму ташвиши дунёро як тараф монда, барои саломатӣ менӯшем.
Ҷасур ба пиёлаҳои дар наздаш будаи дӯстонаш кам-кам шароб рехта, ба онҳо муроот кард. Ҳанӯз касе даст ба пиёлаҳои шароб набурда буд, ки ӯ бори дигар сухани пешинаашро такрор кард:
- Канӣ, барои саломатӣ!
Ғайрат, ки яке аз шаробнӯштарин улфатони Ҷасур буд, пиёларо як тараф тела дода, бо қатъият гуфт:
- Барои саломатӣ шароб наменӯшанд! Зеро ин заҳри қотил саломатии инсонро аз даст гирифта, ӯро дардманд месозад ва дар охир боиси маргаш мешавад. Ман ҳайронам, чаро заҳр мехӯрему боз хоҳони саломатӣ мешавем!?
- Оббо, ту ҳам гуфтиву мондӣ. Ҳа, хайр, пас барои тинҷиву оромӣ менӯшем!,- пиёлаи дасташро ҳанӯз ба лаб набурда, гуфт Ҷасур.
- Э войййй! Кай ва дар куҷо дидед, ки баъди шаробнӯшӣ тинҷиву оромӣ шуда бошад? Баръакс майнӯш ҳузуру ҳаловати инсонҳоро мегирад. Маст мешаваду вайронкорӣ мекунад.
- Мммм,- Ҷасур чӣ гуфтанашро надониста, забон хоид ва каме сукут карду гуфт:
- Биёед ба он хотир менӯшем, ки ба дӯстиамон чашм нарасад, ин дӯстӣ абадӣ гардад, оилаҳоямон мустаҳкам шавад.
- Э Ҷасур, Ҷасур, ту ниятҳоеро мекунӣ, ки ба ҳамдигар куллан зиданд.
- Ғайратҷон, набошад барои аз ин дунё лаззат бурдан менӯшем!
- Ҷасурҷон, ин лаззатро мову ту ва мову ту баринҳо интихоб кардем! Дар дунё корҳову чизҳои лаззатбахше ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ дар оқибаташ пушаймонӣ намеорад. Мо бошем, лаззатеро интихоб кардем, ки зуд ҷубронашро даҳчанд пардохт мекунем,- оҳи сарде бароварда, гуфт Ғайрат.
Ҷасур аз дигар шудани рафтори дӯсташ ҳайрон шуда, пурсид:
- Ғайрат, ман туро нашинохта истодаам. Аввалҳо чунин суханонро ту мегуфтӣ ва мо баробар қадаҳ мебардоштем. Ягон маротиба аз шаробнӯшӣ ҳам рӯй натофта будӣ. Баръакс ҳар ду қариб ҳар рӯз се-чор маротиба аз дӯкони Азим арақ гирифта менӯшидем. Имрӯз бошад... Ман туро нашинохта истодаам, Ғайрат.
- Ҷасурҷон, ман подоши шаробнӯшиямро дидам ва ба хулосае омадам, ки дигар арақ наменӯшам. Аз ҳамин рӯз эътиборан агар лаб ба шароб барам, номардам!
- Э, нафаҳмидам, чӣ хел подош?! Каме кушоду равшан гап зан. Ба мо файласуфона не, деҳқонӣ карда фаҳмон. Яъне пӯсткандаи гапро гӯй.
- Пӯсткандаи гап ҳамин ки дӯстам, аз шаробнӯшӣ ягон баҳра набурдам. Ҳар фалокату кулфате, ки ба сарам омад, аз пушти арақнӯшӣ омад. Лаънат ба ҳамон рӯзе, ки ин заҳри қотилро ба даҳон бурдам. Ҷасур, медонӣ, ман дар зиндагӣ аз пушти майнӯшиям хор шудам. Як фарзандам аз майзадагии ман носолим ба дунё омад. Духтурон ба ҳамсарам гуфтаанд, ки шаробнӯшии шавҳаратон низ боиси носолимии кӯдак гаштааст. Фишори равонии пайвастае, ки дар ҳолати мастӣ ба ҳамсарам овардаам, ба инкишофи кӯдак таъсир кардааст. Модарам ҳам ҳамон рӯзҳо гуфта буданд, ки касофати майнӯшият ба кӯдакат зад. Ҷасур, ман пеш аз майпараст шуданам як оилаи хушбахту солим доштам. Ҳамсарам дар гирдам парвона буду ман барояш чун шамъ месӯхтам. Ҳар як лаҳзаамон бо шодиву фараҳ мегузашт. Ба қавле зиндагии романтикӣ доштем. Ҳама ба оилаамон ҳавас мекард. Ҳамсарам як бонуи кордон, оқилаву меҳнатдӯст, меҳрубону дилсӯз ва дар ҳама ҳолату вазъият ҳамқадаму ҳамнафас ва дилбардору мададгорам буд. Дар зебоӣ мисоли фаришта, дар саховат мисли Ҳотами той...
(Давом дорад)
АРДАШЕР