Formula novemver 2024
Деваштич: ба шаҳрвандон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа маълумот доданд
403

Намояндагони Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар якҷоягӣ бо раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, имомхатибони масҷидҳо ва фаъолони ҷомеа дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Муҷун бо аҳолии маҳаллӣ, аз ҷумла аъзои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот доир намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раиси КИ ҲХДТ Мамурзода Р., мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират иштирок намуда, дар боби даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хатарҳои терроризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар, “Стратегияи давлатии муқовимат бар зидди коррупсия”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд суҳбат намуданд.

Мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатиро аз хатарҳои муҳоҷират, афтодан ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротии террористию экстремистӣ, ки бо ҳар роҳу восита муҳоҷирони меҳнатиро фирефтаи худ месозанд ва дигар муаммоҳое, ки муҳоҷиронро дар ғурбат домангир гашта метавонанд, огоҳ намуда, дар бораи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва тағйиротҳое, ки ин кишвар ба қонунҳои муҳоҷиратии худ ворид намудааст, маълумот дод. Таъкид шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми сафар кардан ба давлатҳои хориҷа, хусусан ба Федератсияи Россия бояд қонуну қоидаҳоеро, ки дар ин давлат амал мекунанд, омӯхта, тартиби будубошро риоя намоянд ва фаъолияти меҳнатии худро тибқи қонун ба роҳ монанд.

Ба шаҳрвандон ҳамчунин барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои Аврупо ва хориҷи дур, тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва гирифтани иҷозатномаи кор дар хориҷа маслиҳатҳои судманд дода шуд.

Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД