Пойтахти азиз, шаҳри дилорои мо – Душанбе рӯз аз рӯз зеботару гуворотар мегардад. Ҳар рӯз хурду калон ба тамошои манзараҳои зебо, боғҳои хушманзара ва маконҳои фараҳбахш, биноҳои наву замонавӣ, эстакадаҳои 3 - ошёна, майдонҳои бозии кӯдакон мешитобанд. Аммо...
Садҳо афсӯс, ки на ҳама ба қадри ободии меҳани худ мерасанд. Ҳар бор бо дидани партов дар қад - қади роҳ ва дохили ҷӯйборҳо гиряи кас меояд. Ин дар ҳолест, ки бемории коронавирус дар кулли сайёра сайр дораду ҳанӯз пурра рафъ нашудааст.
Имрӯз гузарам ба маҳаллаи Хуҷандии пойтахт афтод. Ғайримумкин буд, ки ҳангоми ворид шудан ба дарвозаи маҳаллаи мазкур чашмам ба ахлоттӯдаи дар қади роҳ партофташуда, ки чанд фарсах поёнтар аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хоб мерафт, наафтад. Он замон офтоб кайҳо баланд шуда буд.
Табиист, ки ахлот аз нури офтоб тафсон шуда, бӯйи ғализи он ҳаворо ифлос мекунад. Аз он роҳ ғайр аз калонсолон, инунин кӯдакон мегузаштанд. Кӯдак шӯхтабиат аст ва мехоҳад ба ин тарафу он тараф даваду бозӣ кунад. Аз эҳтимол дур нест, ки ӯ даст ба ахлоти хобрафта зада, бемор шавад.
Дар маҳаллаи Қарияи Боло купруки наву замонавӣ ба истифода дода шуд, вале дар дохили ҷӯйбори атрофи эстакада ва беморхона пури “салфетка”, зарфи пластмаси, селофан, халтаи нос ва ҳоказо буд.
Рӯзе дар назди истгоҳи кӯчаи Бухоро интизори “маршрутка” будам. Хостам дар нишастгоҳи дохили истгоҳ каме шинам, вале болои он пури зарфҳои об ва қутии яхмосу селофан буд. Мегӯӣ, ки он харакҳо барои роҳгузар нею барои партовҳо сохта шудаанд. Дилам тоқат накарду кори ихтиёрӣ кунам гуфта, аз ҷой хестам ва он зарфҳою қуттиҳоро гирифта, ба сатили партов андохтанӣ шудам. Аммо дар назди истгоҳ сатили партовро наёфтаму бо он “мусор” - и дар дастамбуда хиҷолатзада шудам. Холае тарафи ман нигоҳ карду гуфт:
- Духтарҷонам, беҳуда накоб! Дар ин ҷо сатили партов нест. Барои ҳамин одамон маҷбур шуда, мусорро дар ҳар ҷо мегузоранд”.
Дигар надонистам, ки чӣ кор кунам. Маршруткаи 25 омаду партовҳоро дар ҷояш гузоштам ва савор шуда рафтам.
Айнан ҳамин ҳолат чанд муддат қабл низ ба сарамон омада буд. Аз кор баромада, ҳамроҳи ҳамкорон қадамзанон “семочка” хойида ҷониби хонаамон мерафтем. Тозагии шаҳр гуфта, ҳар яки мо аз фурӯшанда 1 - тоӣ селофан барои пӯстлохи донаи офтобпараст дархост намудем. Пеш аз ба нақлиёт савор шудан хостем селофани пури пӯстлохбударо ба сатили партов партоем, лекин дар назди истгоҳи кӯчаи Шевченко (наздикии бонки “Тоҷиксодиротбонк”) сатили ахлот ёфт нашуд. Агар тамоми кӯчаҳои шаҳрро гардем, чунин ҳолат боз дар чандин маҳалҳо ҳам ҷой дорад.
Аз масъулини Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партови Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки нисбат ба масъалаи мазукур муносибати ҷиддӣ намоянд. Шумораи сатили партов дар кӯчаҳои шаҳр ба хотири беҳдошти саломатии аҳолӣ ва коста нагардидани симои зебои шаҳр зиёд карда шавад. Беҳуда нагуфтаанд: “Тозагӣ - гарави саломатӣ!”