Commerc banl
Деҳае, ки номаш 56 ҳарф дорад
09.03.2026
Oila.tj
65

Деҳаи “Лланвайр-Пуллгуингилл” дар Уэлс, яке аз чор қисмати маъмурӣ-сиёсии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҷойгир буда, бештар бо номи ғайрирасмии “Лланвайрпуллгуингиллгогирехуирндробуллллантисилиогогогох” машҳур аст.

Ин номи ғайрирасмӣ ба забони уэлсӣ аз 51 ва ба забони тоҷикӣ аз 56 ҳарф иборат мебошад ва маънои “Калисои Марями муқаддас дар чуқурии фундуки сафед дар наздикии гирдоб ва калисои Тисилиои муқаддас дар назди ғори сурх”-ро дорад, ки дарозтарин номи деҳа дар ҳудуди Аврупо гуфта мешавад. Ин ном ба деҳа соли 1860 ба хотири ҷалби сайёҳон гузошта шудааст.

Дар истгоҳи Роҳи оҳани деҳа номи он навишта шудааст, ки ҳар бинандаву хонандаро дар навбати аввал дар ҳайрат мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД