tobiston
ДАЮС (ҚИСМИ 2)
667

Домод шаб пайдо шуд. Ман баробари хизматгорамон - ӯзбекзани панҷоҳсолаи меҳрубон зиёд ҷумбуҷул намуда, монда шуда бошам ҳам, аз рӯи насиҳатҳои хушдоманам амал карда, худамро «тозаю озода» карда, бо роҳбаладии хушдоманам ба хонаи хоб даромадам.

Ёсир рӯи нармкурсӣ нишаста, телефонӣ бо касе гап мезад, ҳатто ба ҳурмати модараш аз ҷой баланд нашуд. Хушдоманам охири суҳбати ӯро интизор шуда, маро наздаш монда, худаш берун баромад. Пеш аз баромаданаш ба ман як нигоҳи маънидор намуда, ба писараш гуфт:

- Ёсирҷон, бо Шодия меҳрубон бош, бин чӣ хел арӯси зебоят овардем.

Ёсир боз ба касе занг зада, чанд дақиқа гап заду баъд назди ман омада, рӯймоламро аз сарам гирифта, бо забони шикастаи тоҷикӣ гуфт:

- Хушрӯ будӣ ту кишлак, неки чиба да хаму кишлоктон шӯ накадӣ?!

Аз ин саволи аблаҳонаи домод қаҳрам омада бошад ҳам, чизе нагуфтам…

Ҳасрат

Ҳамин тавр оғоз шуд шаби васли мо бе меҳрубонию бӯсаҳои ширини ошиқона. Дар дил худамро барои орзуи шавҳари шаҳрӣ карданам нафрин карда бошам ҳам, субҳ худамро хурсанд нишон дода, аз пайи кору бори зиндагӣ шудам.

Ҳамин тавр як соли умрам бе меҳру муҳаббат ва якранг сипарӣ шуд, шавҳарам саланг-саланг бекор мегашт, то он даме, ки хусурам барояш дар Русия ҷойи кор наёфт. Ёсир, ки шаҳрванди Русия ва ҳамеша орзуяш дар Маскав кору зиндагӣ кардан буд, бо хурсандӣ сафар карду баъди як моҳ хусурам дар Маскав барои мо хона харида, маро назди шавҳарам фиристоданӣ шуд. Хушдоманам “аввал рафта чанд рӯз дар деҳа ист, падару модаратро ба серӣ бин” гӯён маро бо савғоҳои зиёд ба деҳа фиристод. Хешу табор ва дугонаҳоям бо ҳавас ба сарулибоси ман нигариста, аз дили пурхунам бехабар буданд. Ман дар дил ба онҳо ҳавас мекардам, муносибати ҳамсаронашонро бо дугонаҳоям медидаму садҳо бор афсӯс мехӯрдам аз орзуҳои хоми ҷавониям, “кош ман низ ба ягон ҷавони ҳамдеҳаам ба шавҳар баромада, дар ин кӯҳистони сабзу хуррам зиндагӣ мекардам” мегуфтам худ ба худ бо ҳасрат.

Падару модарам ба ман роҳи сафед талабида, бо дуои нек дар мошини хусурам шинонданд. Модари бехабарам ҳангоми хайрухуш дам ба дам мегуфт:

- Бахти худододатро эҳтиёт намо, духтарам!

Хушхабар аз Маскав

Ба Маскав ҳамроҳи хушдоманам парвоз кардем. Ин зани меҳрубонро мисли модарам дӯст медоштам, зеро ӯ низ бо ман аз ҳад зиёд меҳр дошт. “Духтарҷон”, “ширинакам”, “асали оча” аз забонаш канда набуд. Хусурам марди ҷиддии бо сиёсат бошад ҳам, ба ман “бачаҷон” гӯён муроҷиат мекард.

Дар фурудгоҳи Маскав моро Ёсир бо мошини воҳимаи хориҷияш пешвоз гирифт. Ӯ модарашро ба оғӯш кашида, бо ман сард вохӯрдӣ намуда, бо табассуми аблаҳона гуфт:

- Ана Москваро низ дидӣ, кишлак!

Ман, ки ба шӯхиҳои хунуки ӯ одат карда будам, чизе нагуфтам…

Хонаи сеҳуҷрадори барҳавои пурҷиҳоз дар назарам хонаҳоеро мемонд, ки дар кинофилмҳо дида будам. Хушдоманам ду моҳ бо ман монда, роҳу равиши ин шаҳри калонро низ бароям омӯхт. Пеш аз рафтанаш дар танҳоӣ гуфт, ки “бе ту азоб мекашам, вале ба хотири бегона нашудани писарам маҷбурам туро ин ҷо монда равам”.

- Агар Худованд бароятон фарзанд диҳад, гирифта калонаш мекунам, аммо ту коре карда дили шавҳаратро ёбу ӯро ба Ватан бозгардон!,- амр кард хушдоманам ва маъюсона идома дод:

- Айби худам, писарамро аз ҳафтсолагӣ доно шавад гӯён дар Маскав хонондам, табиаташро дигар кардам…

Забони русиро хуб намедонистам. Ёсир бароям муаллима киро карду дигар дар муомила бо одамон душворӣ намекашидам. Шавҳарам рӯзҳои дароз дар кор буд, ман бошам, дар хона, тариқи телефон ҳар рӯз бо наздиконам дар тамос будам, вале дурӣ аз муҳити тоҷикона барои мани табиати миллӣ дошта хеле гарон буд. Дӯстони шавҳарам зиёд буданд, меҳмонӣ мерафтему онҳо меомаданд, вале дар байни онҳо худро зоғи ало эҳсос мекардам.

Пас аз шаш моҳи ба Маскав омаданамон ҳомила шудам, ин хабари хуш шавҳарамро каме дигар кард. Ӯ акнун бо савғоҳо ба хона меомад, аввал дар ширкати тиҷоратии як дӯсти падараш кор мекард, баъдтар худаш ширкат кушода буду кораш низ хеле бобарор буд. Ӯ бо туркҳо шартномаи корӣ дошту ҳар гоҳи сафараш аз ин кишвар бароям либосҳои зебои туркӣ оварда, хоҳиш мекард, ки онҳоро ба бар кунам.

(Давом дорад)

ШОДИЯ,

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД