28-уми сентябр дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2026» оғоз гардид. Дар ин давр панҷ мураббии ғолиби марҳилаҳои минтақавӣ ва шаҳрӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар барои дарёфти унвони беҳтарин мураббӣ рақобат мекунанд.
Ба даври ҷумҳуриявӣ Дилрабои Ҳотамшо аз шаҳри Бохтар, Наргиза Ҷӯраева аз шаҳри Хуҷанд, Робия Давлатшоева аз шаҳри Хоруғ, Мадинаи Амрулло аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Саъбагул Миназарова аз шаҳри Турсунзода роҳ ёфтаанд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» барои муайян кардани мураббиёни беҳтарин, такмили маҳорати касбӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ баргузор мешавад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Агар соли 2022 ин нишондиҳанда 15,6 фоиз буд, ҳоло он ба 30,8 фоиз расидааст. Айни замон дар 831 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 134 ҳазору 263 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3158 маркази инкишофи барвақтии кӯдак фаъолият дошта, дар онҳо 183 ҳазору 710 кӯдак фаро гирифта шудаанд.
Дар доираи озмун ба нақши мураббиёни соҳибкасб, эҷодкор ва навовар дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи томактабӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.