Ҷониби Тоҷикистон намояндагони Озарбойҷонро ба иштирок дар Форуми чоруми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд», ки 17-18-уми октябри соли равон дар вилояти Хатлон баргузор мегардад, даъват намудааст.
Ин даъват дар ҷараёни сафари намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Озарбойҷон дар самти пешбурди содирот ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сурат гирифтааст.
Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки зимни сафар намояндагони Агентии содирот, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва корхонаи муштараки «Тоҷ Азер Трейд»-и Тоҷикистон дар Агентии мусоидат ба содирот ва сармоягузории Ҷумҳурии Озарбойҷон (AZPROMO) ва Агентии рушди соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Озарбойҷон (KOBİA) вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои судманд анҷом додаанд.
Ҳамзамон ҳайати Тоҷикистон зимни шиносоӣ бо Хонаи соҳибкории хурду миёнаи шаҳри Боку, Маркази логистикии «Absheron Logistics Center», Ширкати байналмилалии логистикии «Helmann Worldwide Logistic», Гурӯҳи ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоии «Azersun Holding», Комплекси агросаноатии истеҳсол ва коркарди пахтаи «Azerpambıq», Корхонаи коркарди пилла ва истеҳсоли газворҳои абрешимии «Azeripak», Корхонаи истеҳсоли заъфарон ва маҳсулоти ниҳоӣ аз он «Absheron Saffron», Корхонаи истеҳсоли хӯришҳои мевагии «Crispa Snacks», Корхонаи коркарди хурмои «Balkhoorma», Шабакаи савдои яклухти маҳсулоти нассоҷиву коркардшудаи кишоварзии «Agromoll» доир ба фаъолияти ин сохторҳо аз рӯи занҷираи пурраи логистикии таҳвил - шуруъ аз захира, коркард, бандубаст то пешбурди маҳсулоти ниҳоӣ дар бозорҳои хориҷӣ маълумоти мушаххас пайдо намудааст.
Давоми сафар масъулини мақомоти давлатии Тоҷикистон бо низоми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии содироткунандагон, маҷмуъ ва тарзҳои расонидани хизматрасонии давлатӣ ба истеҳсолкунандагони хурду миёнаи маҳсулоти ба содирот нигаронида ва воридотивазкунандаи Ҷумҳурии Озарбойҷон шинос гардидаанд. Ҳамзамон бо ҳамтоёни худ аз рӯи масъалаҳои имконият ва самтҳои афзун намудани савдои дуҷониба байни мамлакатҳо, истифодаи имконияти транзитии долонҳои нақлиётии мамлакатҳо зимни интиқоли борҳо ба мамлакатҳои сеюм дар самтҳои мутақобили ғарбу шарқ ва роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кооператсияи саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ музокирот гузаронидаанд.