Рӯз то рӯз афзоиш ёфтани ҷиноятҳои оилавӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳисси раҳму шафқат нисбат ба ҳамдигар аз байн рафта, иддае аз аҳли ҷомеаи мо ҳатто ба шахсони наздиктарини худ тараҳум намекунанд.
Ҳафтае нест, ки хабари аз ҷониби шавҳар, зан, бародар, тағо, амак ва ё ягон хешу табори наздикаш кушта ва ё захмӣ шудани ин ё он фард расонаӣ нашавад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз содир шудани боз як ҷиноят дар муҳити оила хабар дод. Тасаввур карданаш душвор аст, вале шахсе, ки даст ба ҷиноят зада, фарзанди худро захмӣ кардааст, модар аст!
Ин ҳодисаи нохуш шоми 27-март, тахминан соатҳои 18.30 дар пойтахт сар зада, байни як ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва модари 46-солааш муноқиша ба амал омадааст. Модар дар ҷараёни моҷаро ду маротиба писарашро корд зада, фарзанди худро сахт захмӣ намудааст. Писар бар асари захм корд ҷароҳатҳои вазнин бардошта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.