formula55
Дарвозабони ҷавоне, ки 2 медали тилло дорад
845


Муҳаммад Абдулҳадов аз зумраи ҷавонони муваффақи тоҷик мебошад, ки бо шарофати меҳру муҳаббати зиёд ба варзиш ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст.

Муҳаммад дарвозабони дастаи ҷавонони то 16-солаи Тимми Миллии Тоҷикистон аст.

Муҳаммад Абдулҳадов зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, падараш корманди мақомоти корҳои дохилист. Ӯ ҳанӯз аз овонӣ кӯдакӣ ошиқи футбол буд ва ҳаёташро хеле барвақт бо ин навъи варзиш пайваста, дар синни 9 солагӣ ба гурӯҳи хурдсолони дастаи “Панҷшер” шомил шудааст.

Мураббии даста Муҳаммадро ҳамчун дарвозабон интихоб кард. Аввалин рақобати онҳо бо дастаи Хатлон буд ва Муҳаммад дар ин бозӣ худро ҳамчун дарвозабони хуб нишон дода, сазовори боварӣ ва эҳтироми мураббию аҳли даста гашт.
Ҳамин тавр ин ҷавони чусту чолок ҳунару маҳорати худро дар ин самт такмил дода, ба комёбиҳои зиёде ноил гашт ва пас аз 6 соли тамрин ба Академияи Федератсияи футбол даъват шуда, дарвозабони дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон интихоб шуд.
Аввалин сафараш дар ҳайъати ин даста моҳи майи соли 2022 ба шаҳри Скопияи ҷумхурии Македоняи шимолӣ буд. Дар ин бозӣ бо дастаҳои Гундураз, Македоня ва Косва рақобат варзида дар мусобиқаи рушди УЕФА сазовори ҷойи дуюм гаштанд.

Тобистони ҳамон сол Тими Миллии наврасони то 16 солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи CAFA 2022 иштирок карданд. Рақибонашон дастаҳои Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон буданд.

Дар он рақобат Тими Миллии наврасони то 16 солаи мунтахаби Тоҷикистон сазовори ҷойи 3-юм гашт, Муҳаммад Абдулҳадов бошад, беҳтарин дарвозабон эълон карда шуд.

Айни ҳол Муҳаммад Абдулҳадов дорандаи 2 медали тилло,1 нуқра ва 4 биринҷи мебошад.
Муҳаммад аз соли 2020 инҷониб ҳамчун дарвозабони Тими Миллии наврасони то 16 солаи Тоҷикистон фаъолият карда истодааст ва мехоҳад баъд аз корномаи варзишиаш ҳамчун мураббӣ фаъолият намояд.

Ҷабборназаров Муҳаммадалӣ,
донишҷӯи соли дуюми факултаи
Журналистикаи телевизион ва радиои
Донишкадаи Давлатии фарҳанг
ва санъати Тоҷикистон
ба номи Мирзо Турсунзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД