Ҳангоми ҷорӣ шудани қарантин дар муассисаҳои умумӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон дарсҳои муҳассилин ба таври онлайнӣ ё тариқи телевизион сурат мегирад. Барои ин раванди таълим дарсҳо омода ҳастанд, хабар додааст Вазорати маориф ва илми кишвар.
Рӯзи 25-уми апрел Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ эълон кард, ки дарсҳо дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 27-уми апрел то 10-уми май қатъ кард мешаванд.
Ин тасмим барои пурзур кардани корҳои зиддиуфунӣ гирифта шудааст. Масъалаи таътили донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ аз ҷониби ситоди ҷумҳуриявии пешгирии коронавирус дар ҳоли баррасист, гуфтааст Вазорати маориф ва илм.