Formula novemver 2024
Дарс дар зери нағораи марг
3138


Дирӯз ҳангоми тирборони донишҷӯён дар Донишгоҳи Миллии Тадқиқотии Перм ҳодисаи аҷибе рӯй додааст, ки аз шуниданаш кас дар ҳайрат меафтад.
Расонаҳои русӣ навиштаанд, ки вақте донишҷӯи курси якуми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тадқиқотии Перм Тимур Бекмансуров донишҷӯёнро тирборон мекард, яке аз устодони ин донишгоҳ, профессор Олег Сыромятников дар зери нағғораи марг дарсро идома дода, барои аз синфхона баромадани донишҷӯён иҷозат надодааст.
“Садои даҳшатангези тирборон дар фазои донишкада ғулғула афканда, донишҷӯёни факултаҳои гуногун аз тарси ҷон худро аз тирезаҳо ба берун ҳаво медоданд. Дар ин ҳангом профессор Олег Сыромятников ба мо аз фанни таърихи адабиёти рус дарс мегуфт. Ҳама ба даҳшат афтода буданд ва аз берун садои доду фарёдҳои ҷонхарош ба гӯш мерасид. Хабари тирборон дар донишгоҳ аллакай дар интернет низ паҳн шуда буд, вале профессор Сыромятников “Бачаҳо, худро аз тиреза партофтан, дарро маҳкам кардан ё дар таги партаҳо пинҳон шудан фоида надорад. Дар насибамон мурдан бошад, ҳама дар якҷоягӣ мемирем. Ором шавед, дарсро идома медиҳем”-гӯён, маърӯзаашро давом дода, иҷозат надод, ки мо аз синф бароем”-нақл кардаанд донишҷӯёни факултаи филологияи Донишгоҳои Миллии Тадқиқотии Перм.
Маъмурияти донишгоҳ низ ин хабаррро тасдиқ намуда, гуфтаанд дар ҳақиқат вақти тирпарронӣ дар донишгоҳ профессор Сыромятников дар мувофиқа бо деканат дарсашро идома дод ва таъкид кардаанд, ки дар чунин ҳолатҳо барои ба воҳима (паника) наафтодани издиҳом бо ягон кор машғул доштани онҳо муҳим аст.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз, 20-сентябр, тахминан соатҳои 11.30 дар Донишгоҳи Миллии тадқиқотии Перм фоҷиаи хунине ба вуқӯъ пайваста, донишҷӯи курси якуми факултаи ҳуқуқшиносии ҳамин донишгоҳ Тимур Бекмансуров бо яроқи оташфишон ба донишгоҳ ворид шуда, донишҷӯёнро бераҳмона тирборон намуд. Бар асари ин фоҷиа 6-8 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 28 нафари дигар ярадор шудаанд. Ҳолати 7 нафар захмиён вазнин арзёбӣ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД