Зани кипрӣ бо дӯхтани дарозтарин тӯри арӯсӣ дар ҷаҳон ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд.
Тавре нашрияи Hindustan Times хабар медиҳад, сокини Кипр бо номи Мария Параскева тӯри арӯсии дарозияш 6962 метр дӯхташударо муаррифӣ кард. Мария мегӯяд: «Аз кӯдакӣ орзу доштам, ки рекорди тӯри арӯсии дарозтаринро шиканам. Барои пурра кушодани тӯри арӯсӣ ман бо кумаки 30 нафар ихтиёриён 6 соат вақтамро сарф кардам».
Дар саҳифаи расмии Instagram-и Китоби рекордҳои Гиннес наворе нашр шудааст, ки дар он Мария тӯри арӯсии худро муаррифӣ мекунад. Ин видео беш аз 25 ҳазор лайк гирифт. Корбарони интернет аз дарозии ҳайратангези тӯр ба ваҷд омаданд.