Елена де Анҷелис, як сокини шаҳри Неаполи Италияро хушбахттарин арӯси дунё гӯем ҳам, иштибоҳ нахоҳем кард, зеро ӯ дар рӯзи тӯяш либоси арӯсии дарозиаш 3 километрро ба бар карда, ба Китоби рекордҳои “Гиннес” дохил шудааст.
Зиёда аз 600 нафар дар бардоштани либос ба арӯс кӯмак кардаанд, то ӯ худро ба калисо расонад. Наздики 20 ҳазор нафар ба кӯчаҳо баромада, арӯс ва либоси ғайриодии ӯро тамошо кардаанд. Таҳиягари ин либоси арӯсии рекордӣ тарроҳи итолиёӣ Ҷанни Моларо мебошад.