Дарёи Кано-Кристалес зеботарин дарё дар ҷаҳон шинохта шуда, дар Ҷумҳурии Колумбия ҷойгир аст. Сокинони маҳаллӣ онро дарёи панҷранга низ мегӯянд.
Дар дарё бо панҷ ранг вохӯрдан мумкин аст: зард, кабуд, сабз, сиёҳ ва сурх. Аслан оби дарё ба дараҷае софу пок аст, ки чуқуриҳои рангаи зери онро дидан мумкин аст. Маҳз ҳамон чуқуриҳои иборат аз панҷ ранг сабаб шудаанд, ки дарё диққатҷалбкунанда бошад.
Оби дарё намак ва минерал надорад, бинобар ин, оби онро нӯшидан мумкин аст ва дар он моҳиҳо низ зиндагӣ намекунанд.
Дарозии он 100 км ва паҳноияш 20 метр буда, вобаста ба фаслҳои сол рангҳояш тағйир меёбанд.
Дарё ба мероси табии ЮНЕСКО ворид шудааст.