Sebiston new 2024 october
Дарди зиндаги Қисми 2
2180

Баъди хайрухуш дар рохи Ромит ногахон ба мошини камаз бархурда зану шавхар бо мошин сарозер ба чари фуру рафтанд. Мурдаи онхоро баъди ду руз аз даруни дарёи поини чари дарёфтанд.

Лола аз марги наздиконаш девона шуд.Хеч ба худ намеомад. Хушдомани чохил бошад ба чойи мехрубониву тассалият таъна мекард, ки диди падарат хатто хонаашро ба номи ту накардааст. Хавлии падарии Лола ба амакаш мероси тааллук дошт. Лола аз ятим монданаш сахт зарбаи равони хурд. Акнун бо касе гап намезаду парешонхотир мегашт. Писарчаи ду солааш ширин ширин гап зада уро ба огуш мекашид. Ягона гамбарору маънии зиндагиаш писараш буд. Ромиз аз кучое пайдо шуда занг зад, ки нав корхояш барор кардаасту ба наздики меояд. Хурсандии Лоларо хадду канор набуд.Боз дар дилаш маънии зистан пайдо шуда худро пероста мекард, ки мабодо шавхараш нохост аз мухочират наояд. Хушдоману хохаршуяш доимо уро баъди мурдани волидайнаш сархур мегуфтанд. Ромиз бошад бахонаи мухочират ба назди зане, ки соли аввали омаданаш издивоч карда буд, омада зиндагии хушбахтонае дошт. Онхо сохиби як писару як духтар шуда буданд. Зангириаш мисли як накша буд. Чунки модари чанчолиаш доимо мегуфт, ки зан гир, ки ба ман ердамчи шавад. Ромиз он руз дар толори синамо дид, ки духтари оростаи шахри чашмашро аз у намеканад, барои хамин рохи шиносои чуста бо у шинос шуду изхори мухаббат кард. Дар асл у факат хамон зани дар синну сол аз худаш калонсолро дуст медошту халос. Бахонаи холо кор наёфтаам гуфтан доимо хамсарашро фиреб мекард. Лола аз зарбаи сахти такдир сарсон бо кудаки хурдсол чойи рафтан надошт. Барои хамин ба такдир тан дода дар хонаи шавхар зиндаги мекард. Хушдоманаш мачбур кард, ки ту дипломи муаллими дори, баро кор кун, мо писаратро нигох мекунем. Лола ба кор даромад. Маошашро тин ба тин хушдоман мегирифт. Рузе аз кор барвакттар омаду писарчаашро дар берун дид, ки гиря карда нишастааст.

-Чи шуд бачам?

-Очачон, дигар маро бо бибиам нагузоред. Маро гушна аз дар берун мекунанд, ки то омадани модарат дар берун шин. Хамин ки соати омаданатон омад, маро ба хона медароранд. Мегуянд, ки агар ба очаат хабар каши, ба гушат нонхурак(таракан) сар медихем. Очачон, ман аз нонхурак метарсам.

-Чи?

Лола писарчаашро гирифта ба хавли даромаду аввалин бор дар тули панч соли арусиаш ба суйи хушдоман дод зада гуфт, ки чаро писари маро тарсонда ба куча пеш кардед? Охир ин кудак хуни шумо аст.

-Э рав бо сагераат, аз хонаи ман. Писарам он чо зануд у кудаки зебо дорад. Хар мох занаш ба ман пул рои мекунад.

-Чихо мегуед? Бовар накуни, раками занашро медихам. Занг зан.

Лола осемасар ба раками гуфтаи хушдоман занг зад. Аз он тараф садои махини занона чавоб дод.

-Ассалом, мебахшед, ин раками кист?

-Ба шумо ки даркор?

-Ман Лола зани Ромиз

-Лола хуб хасти, Ромиз аз давраи аввалин бор ба Русия омаданаш маро ин чо никох карда буд. Чандин бор пешаш кардам, нарафт. Холо мо ду фарзанд дорем. Хохи бо у гап зан, худаш хакикатро мегуяд. Баро, шавхар кун.

-Ромизро чег занед. Ман харгиз ба ин суханони шумо бовар намекунам.

-Ромиз бие, келини очат

-Салом.Ромиз ин гапхо то чи андоза хакикат доранд?

-Ба маънои томаш. Ман ин занро пеш аз ту ин чо никох карда будам. Туро барои кори хона гирифтам.Мебахши маро. Метавони барои равви. Чавобатро додам.

-Чи?

Лола дар даст телефони мобили дар руйи хавли фитод. Баъди лахзае побанди эхсоси гаму ноумеди дасти писарчаашро гирифта суйи дарёчаи деха рафт. Ин лахза дар сараш чарх мезад, ки худашу писарчаашро ба даре гарк бикунаду якумра аз ин азобу хиёнати шавхар оромиш биёбад. Вале дар ними рох писарчааш гуфт, ки очачон, ман имсол мактаб меравам?

-Не, бачам, соли дигар.

-Очачон, ман калон мешавам, милиса мешавам. Намегузорам, ки бибиму амаам шуморо ин кадар азоб диханд.Падарамро аз Русия меорам.

-Ох бачам…Ин суханони таъсирноки кудаки шашсола ба калби гамгину маъюси модар шуълаи умед оварду у пас гашт.

 

Фируза редактор тсел, [02.11.2022 16:57]

-Не, ман худамро чаро барои номарде кушам. Хаёти фарзандамро сузонам.На, хаёт як бор аст. Ман дасту пойи бутун дорам, маълумоти оли дорам, бояд ба пеш кадам гузорам. Лола писарчаашро гирифта ба назди директори мактаб омад ва вазъияташро фахмонида зори кард, ки барояш дар каровулхонаи мактаб манзил бидиханд. Охиста-охиста пул чамь карда як хавличаи хурд харидори кард. Бо марди хуби худотарсе шинос шуд. Холо зиндагии орому осуда дорад ва харгиз гузаштаашро ба ёд намеорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД