sebiston july new
Дарди зиндаги Қисми 1
1726

Лола субхи солехон барои говдуши ба огил рафт. Ногахон вакти чушидани пистони гов уро як шатта заду сатили шир чаппа шуд.

Лола миёнашро дошта сатили холи ба хона омад. Ин лахза хушдоманаш аз хоб бедор шуда сатили бе ширро дида бе пурсупос дод зад, ки:

-Ха келини сархур, кани шир?

-Холачон, гов ин сахар аз чи бошад бесаранчом буду маро як шатта зад. Сатили шир чаппа шуд. Миёнам сахт лат хурд.

-Э а сарат монад хамин шир. Ба умед будам, ки ширбиринч мехурам. Хе мури ту келин нашуда. Бачаи хушруям аз кучо туйи нокораро ёфта гирифт, ман хайронам. Хамин духтари хохарам чакону паррон, мемурд хамона мегирифт.

Акнун гур-гури хушдоман сар шуд. Лола миёнашро дошта ба чойдамкуни ба ошхона рафт. Ашк шашкатор аз дидагони зебояш чори мешуданд. Охир духтари нозпарварди оила ишк гуфта ба як оилаи серчанчол дучор шуд. Лола чойро дам карда аз пайи атолапази шуду зери лаб худ ба худ гуфт:

-Ох, падарчони рахматиам. Боре барои туву очачонам атола напухтаам. Боре чой дам накардаам. Як духтар гуфта чунон бо ноз парваридед, ки ана окибати духтари нозпарварду эрка.

Дастархон партофта хушдоманашро сари кати хавли фарёд кард. Хохаршуяш, ки ба наздики аз шавхар чудо шуда омада буд, ин дам хоболуд аз дари хонааш баромада фармон дод, ки янга оби гарм дар ташноб хаст ми.

-Бале, тайёр аст.

-Чи пухти янга?

-Атолла.

-Ман шаб ширибиринч фармоиш дода будам ку.

-Охир гов як силтав доду маро зад.Сатили шир чаппа шуд.

-Э мур ту барин келин.

Хар субх Лола факат захри забон мешунид. Аммо у лаб газида ба худ мегуфт: сабр, Худоё, сабрам те.

Лола духтари ягонаи хонадон дар вакти донишчуйи бо чавони нохондаи дехоти тасодуфан дар толори синамо шинос шуду хамин тавр шефтаи ин чавони кадбаланди чашмкабуди абрупайваст шуд. Дигар ягон чавонони хоксори маълумоти олидор ба чашмонаш наменамуданд. Хушу хаёлаш ба ин чавони зебо банд буд. Падару модари Лола 15 сол интизори фарзанд буданд. Баъди 15 сол Худованд Лоларо ба онхо дод. Барои хамин намегузоштанд, ки у даст ба коре занад. Гули чизро мехуриду гули чизро мепушид. Вакте, ки дар курси охирини хондан Лола ба падар гуфт, ки шахзодаи орзухои калбашро ёфтааст. Падар дарав савол дод, ки «духтарам, авлодаш кисту бачаи хондаги аст ё не»

-Падар, рости гап чое нахондааст. Оилаашон камбагал, барои хамин баъди синфи 10 ба мухочират рафта омада ба хонаашон кумак мекунад. Аммо ман ваъда медихам, ки уро мехононам. Падарчон, агар модараш ба хостгори биёяд, не нагуед.

-Ох духтари дадаш, ман мехохам, ки ту хушбахт шави. На бадбахт. Бовари дори, ки ин чавон туро хушбахт мекунад. Мегуянд, ки хок гири, аз хоктуддаи баланд гир.Мо туро мисли гул парваридаем. Магар ту дар ин оилаи бисери зиндаги карда метавони. Магар дар деха зиндаги кардан хушат аст?

-Бале, падар, ман уро дуст доштам ва ин дустдори якумра аст.

-Баъди панчум курс ки диплом гирифти, гап мезанем.

-Аммо падар, ба хостгорон не нагуед.

-Майлаш, духтарам, хотири ту барои ман аз эхсоси падариам баландтар аст.

Баъди тамом кардани Донишгох Лоларо падару модар аз хисоби худашон туйи бошукух карда ба Ромиз доданд. Ромиз баъди туй уро ба кишлок бурд. Акнун Лола аз субх то шом кори хавлии калонро мекарду бегохихо хаставу афсурда даруни бистар медаромад. Ромиз дид, ки зиндагии оилавиашон хеле кашоккона аст, ру ба мухочират овард. Ба Лола гуфт, ки интизор шав, хамин ки корхоям хуб шуданд, ба ту пул мефиристам, чипта харида ба наздам мебиёи.

-Нарав, чонам, бе ту мемирам. Охир ман дар мохи нухуми хомиладори карор дорам.

-Меравам, зиндаги мушкил гашт.

Шавхараш ба мухочират рафт. Лола тифлашро бо азоби дучанд дар хона таваллуд кард. Чунки хушдоманаш нагузошт, ки у ба таваллудхона равад. Тавлиди писарчаи дустру хам дили хушдоманро гарм накард. Хамоно дурушт буду чохил. Хатто вакти кору бори хавли ба кудак нигох накарда мегуфт, ки таваллуд карди, ба худат карди.Хам нигох куну хам кори хонаро кун. Вагарна ман чияни худамро келин кардани будам. Ромиз рафту хамаги як бор занг зад. Як сол гузашт. Аз у дараке нашуд. Он рузи бадбахти падару модари Лола хурокаи зиёд гирифта ба хонаи духтарашон хабаргири омаданд.

Давом дорад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Анора 2023-10-29, 14:38
Душанбе
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Анора 2023-10-29, 14:38
Душанбе
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД