Шавҳарам низ ба ман бепарво буд, ҳамеша таъкид мекард, ки аз гапи модарам берун набаро, ӯ баъди фавти падарам моро танҳо ба воя расонидааст.
Ин ҷо низ ман кӯҳнапӯшаки хушдоманаму духтаронаш будам, онҳо куртакӯҳнаашонро наздам ҳаво дода, бо зарда мегуфтанд:
-Ма лучак, пушу дуо кун.
Ин бераҳмҳо намегуфтанд, ки ҳамин бечора шабу рӯз хизмати моро мекунаду чизе талаб надорад, биёед ақаллан таънааш накунем. Аз тӯям як сол гузашту онҳо маро намемонданд ба назди додаронам равам, модарандарам низ аз ман халос шуда, дигар як бор аз дарам намедаромад. Аз ӯ дилам монда буд, охир ман бо ҳама бераҳмиҳояш ба ӯ меҳр доштам, додаронамро аз ҷонам зиёдтар дӯст медоштам.
Меҳрубонии шавҳар
Қариб як сол боз додаронамро надида будам, моиндари ҷоҳиламро низ пазмон шуда будам. Як моҳи дароз ҳамсарамро зорӣ кардам то модарашро розӣ кунаду маро ба хонаамон барад, ӯ оқибат розӣ шуд. Хушдоманам, “моиндарат аз рангу рӯят безор, куҷо меравӣ” гуфту хоҳаршӯйҳоям лабонашонро бурма карда, “ҳавасаш кардааст, хай мон равад” гуфтанд. Оқибат хушдоманам розӣ шуду як рӯз фармуд, ки кулча пазу рав, ман бо хурсандӣ як танӯр кулча пухтам. Шавҳарам хурсандии маро дида, пинҳонӣ аз модараш аз бозор қанду қурс ҳам харида доду маро ба як таксӣ шинонда, ба қишлоқ равон кард ва таъкид кард, ки ду рӯз пас дар хона бошам. Ман он қадар хурсанд будам, ки ногуфтанӣ…
Мошин назди дарвозаи хоксоронаамон қарор гирифту гиря гулӯгирам кард, аз дарвоза дарун шудам, ки додараконам ба пешвозам давиданд. Акбар даҳсола ва Акмал ҳаштсола буданд, вале дар назарам қад кашида, мардакча шуда буданд. Ман онҳоро ба оғӯш кашида, хуб гиристам, чанд вақт пас моиндарам ҳамёзакашон аз хона берун шуду додаронам, “оча Насиба омад” гӯён, шодиёна гирифтанд. Модарандарам ба ҷойи салому алейк, «ба тинҷӣ омадӣ” гӯён хавос шуд. Чун фаҳмид, ки хабаргирӣ омадам, дилу бедилон, “хай биё, мешинӣ ҳамон ҷо” гуфта, ба рӯйи кат муроотам кард. Ӯ ба ҷойи салому пурсу пос шикоят мекард, ки зиндагӣ зӯраш овардаасту фалону бисмадон, ҳамин вақт аз хона як марди хомфарбеҳ берун шуда, бо оҳанги фармон гуфт:
-Кам лақ-лақ кун, аср қазо шуд, оби таҳоратама те…
Ман дар ҷоям шах шудам, моиндарам давида рафта, оби таҳораташ доду мард зуқ-зуқкунон таҳоратхона рафт. Намедонам афту андоми ман чӣ гуна буд, вале моиндарам ба қаҳр гуфт:
-Чӣ сафед кандӣ, ман ҷавонам, шавҳарам мефорад, шавҳар кардам. Марди намозхони устои гулдаст, дар бозор шинос шудам, бо як гуноҳи камакак зиндон шуда будаасту чун аз зиндон мебарояд, занаш дигар дар хона роҳаш намедиҳад. Ба замину гову мол нигоҳ мекунад, бачаҳо ҳам аз вай метарсанд, ҳамин хел.
Ман ками дигар истодаму додаронамро гирифта, сари гӯри падарам рафтам, он ҷо гуфтаму гиристам ва гӯё санге аз сари дилам канда шуд. Он шаб дар хонаи падарӣ хобам набурд ва субҳи солеҳон хеста, роҳи хонаамро пеш гирифтам. Раҳораҳ симои он марди хомфарбеҳ, ки нигоҳи безебаш дилро мешикофт, аз пеши назарам намерафт. Метарсидам, ки ӯ додаронамро назанад ё ба онҳо зараре нарасонад. Хушдоманам рӯзи дигар баргашта омаданамро ба риштаи масхара кашид, аммо ман парвое надоштам.
Хушдоману хоҳаршӯйҳоям ба ҳолам механдиданду механдиданд…
Қисмати бераҳм
Зиндагии ғуломонаи ман панҷ сол давом кард, вале ман соҳиби фарзанд нашудам. Акнун ба номам лақаби дигар зам шуд, гови қисир, касе намегуфт, ки як бор ба духтур нишон диҳем, чӣ шуда бошад? Гунаҳгор ман будам, мани сарсахт…
Шавҳарам як шоми зимистони қаҳратун духтараки ҳомиладореро ба хона оварда гуфт, “ман бо ӯ хонадор шудам, ӯ дар батнаш фарзанди маро мепарварад”. Ман розӣ будам, ки ғулому чурии ӯ ва зани наваш шавам, вале арӯсаш инро нахост ва ман баргаштам ба хонаи падарам. Хушдоманаму хоҳаршӯйҳоям, ҳатто нагуфтанд, ки нарав. Моиндараму шавҳари наваш маро ҳатто ба хона роҳ надоданд, дар хонаи падари ман марди бегонае ҳукмраво буд. Ӯ ба моиндарам гуфт, ки инро аз ман мефорад, ман аз нигоҳаш пай бурдам, ӯ маро аз ту кашида мегирад. Ман дигар касе надоштам, пеши худ мақсад мондам, ки ба пойтахт мераваму аз он ҷо ба деҳаи модарам ба кофтукоби хоҳарам, аммо дар шаҳр маро селоби мурдоре ба коми худ фаро кашид…
Давом дорад.