Formula novemver 2024
Дар доми бало Қисми 2
19.11.2022
Дилошӯб
2707

                Сатрпӯши соҳибҷамол

Одина ба курси чорум гузашту соли нави таҳсил оғоз ёфт, аз ватан пас аз се-чор рӯз омада, ба синфхонаи пур аз донишҷӯ даромада, як мизи холӣ дид, ки он ҷо духтараки ҳиҷобпӯше менишаст, ҷавон ноилоҷ паҳлӯи ӯ нишаст. Муаллим дарс мегузашту Одина бо қирраи чашм ҷамоли ҳампаҳлӯи нозанинашро тамошо мекард. Духтар он қадар сохибҷамол буд, ки тасвираш ғайриимкон аст, чашмони нилобӣ, пӯсти сап-сафеду ҷилодори ӯ бидуни ягон рангу бор чашмро мерабурд. Аз ҳиҷоб пӯшиданаш мусулмон буданаш аниқ, лекин шабеҳи русҳо буд… Бо гузашти чанд рӯз Одина бо Нисо аз наздик шинос шуд. Нисо русдухтар будаасту пас аз издивоҷ бо ҷавони чечен дини исломро қабул намудааст.

-Агар Ҷаъфар мемонд, ки ман хонданамро давом диҳам, чор сол пеш дипломамро мегирифтам, аммо ӯ зидди хонданам баромада, маро ба Чечанистон бурд, пас аз марги фоҷиавии ӯ ман ба ватан баргаштаму волидонам маҷбур боз дар донишгоҳ барқарорам карданд, вагарна дилам аз тамоми дунё сард шуда асту мурдан мехоҳам,- рӯзе рози дил кард Нисо, ки номи русияш Наталия будааст. Ҳамин тавр, Одина бо Нисои соҳибҷамол унс гирифту бо мурури вақт дигар ба паёмаку телефонҳои Парӣ ҷавоб намегуфт. Нисо аз Одина даҳ сол бузургтар бошад ҳам, бо ҳусну меҳрубонӣ ӯро ба осонӣ ба домаш даровард. Оқибат онҳо дар хонаи чорҳуҷрадори барҳавои Нисо ба зиндагӣ оғоз карданд. Волидони ҷавонзан аз ин норозӣ бошанд ҳам, ӯро парвое набуд.

                                           Доми бало

Нисо то никоҳи мусулмонӣ Одинаро ба худаш наздик шудан намемонду ҷавон боварӣ ҳосил мекард, ки Нисо зани поксиришту биҳиштист… Пас аз бастани ақди никоҳи мусулмонӣ дар яке аз масҷидҳои Маскав, Одина бори аввал шаҳди оғӯши занро чашиду оламу одамро аз ёдаш баровард, ӯ акнун ба ҳайвони ромшудае шабоҳат дошт, ки танҳо бо ишорачӯби ромкунандааш ҳаракат мекунад. Нисо дар як муддати кӯтоҳ Одинаро ба муллобача табдил дод, ҳарчанд ҷавон худаш «Қуръон»- хону намозхон буду рӯзаашро низ мегирифт, акнун китобҳои гуногуни овардаи Нисоро хонда, ба “фанат” мубаддал гашта буд. Ҷавонзан ӯро бо мавъизаҳои шабонарӯзияш бовар мекунонд, ки ҷанги мусулмону кофар сар шудаасту он бо ғалабаи мусалмонон ба охир мерасад. Оқибат Одина ба шахсе мубаддал гашт, ки Нисои балвогари таррора мехост. Зеро ӯ аз ҳамсангарони шавҳари собиқаш, ки ҳамагӣ ҷинояткорон буданд, вазифа гирифта буд, ки бояд ақаллан як нафарро ба ташкилоти мамнӯъ ва ҷинояткор дохил кунад, то байни ҷавонон онҳоро таблиғ кунанд. Хона, мошин ва каттагиҳои Нисо ҳама аз рӯи хоҷагонаш буданд, ки корашон қатлу ғорати мардуми бегуноҳ буд                                      

                                                    Рози ниҳон

Одина ба ҳама ҳарфҳои азизи дилаш бовар мекард ва ӯро шоистатарин бонуи мусалмон медонист, ҳатто ният дошт, ки оянда танҳо бо ӯ мемонад. Нисо ба Одина гуфта буд, ки Ҷаъфар корманди пулис буду дар як задухӯрд ба ҳалокат расид, вале дар асл Ҷаъфари ӯ як ҷавони чечене буд, ки муқобили ҳукумат меҷангиду худро тарконда, чанд одами бегуноҳро низ кушта буд. Нисо низ пайрави ӯ буд ва ният дошт, ки Одинаро коре карда, ба терористоне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худро метарконанду вазъиятро ноором мекунанд, табдил диҳад ва ба ин мақсад ҳам расид, зеро ӯ аллакай ба психологе табдил ёфта буд, ки дар мудати кӯтоҳ метавонист андешаҳои одамро дигар кунад. Чанд сол пеш ӯ чандин ҷавонону духтаронро ба доми фиребаш кашида, ба Сурия фиристода буд, вале «бозингари» машҳур, ки буд, ба даст наафтода буд. Оҳиста-оҳиста Одина бо ашхосе, ки адабиёти ҳархелаи мамнӯъ паҳн мекарданд, ошноӣ пайдо карда, донишгоҳро низ партофт, Нисо бошад, мехонд. Акнун ӯ ба кабӯтари номабаре шабоҳат дошт, ки бо фармони Нисо аз ин гӯшаи шаҳр ба он шаҳр, аз ин мамлакат ба он мамлакат мерафту бармегашт. Бо бародаронаш умуман гап намезад, бародарони калонӣ аз тарси падарашон дурӯғ мегуфтанд, ки бародарашонро мебинанд, ҳолаш хуб аст, аммо дили падар аз занг назаданҳои Одинаи меҳрубонаш ба ҳодисаи нохуше гувоҳӣ медод ва қарор дод, ки ба Русия ба назди писараш меравад, холаи Моҳбону низ зор-зор мегирист, аммо падар Русия норафта…

                               Мурдаи бесоҳиб        

Одина бо фармони Нисо ба як хонаи канори Маскав барои сӯҳбат бо чанд нафар мардони авбошнамо рафт, ки онҳоро Нисо бародарон меномид. Ин дафъа ба Одина фармон доданд, ки маводҳои таркандаро ба фалон бозор бурда мемонӣ ва махфигоҳашонро низ гуфтанд, вале ҷавонмард қатъиян аз ин кор даст кашид ва гуфт, ки ман одамкуш нестам. Баҳсашон дер накашид, як ҷавонмарди қоматбаланди сабзина, ки дигарон ба ӯ шеф хитоб мекарданд, аз пистолет ба пешонияш тир холӣ кард, мурдаи Одинаро баъд аз як моҳ бомжҳо ёфта, ба милиса хабар доданд. Чун паспорташ дар ҷайбаш буд, зуд шахсияташ муайян карда шуду тафтишот оғоз гардид, Нисоро дастгир карданд, чанд нафар аъзоёни гурӯҳро ҳам ва мурдаи Одинаи нокоми гумроҳро ба ватан фиристоданд. Аҷаб фоҷиаи талхе буд, аз ҳама зиёд Парӣ мегирист…

Ӯ медонист, ки Одина ба рӯи ишқи ӯ, ишқи Ватан, нангу номуси волидайну хешу табор по монда, ба доми зани бегонае афтода, ҷони ҷавонашро беҳуда нисор кард, аммо ин ҳама ишқи Одинаро аз дилаш кам накарда буданд…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД