Ассалому алайкум хонандагону ҳаводорони ҳафтаномаи “Оила”. Ман як ҷавон ҳастам, ки ба наздикӣ оиладор шудаам. Ростӣ, мушкиле ба сарам омадаву дар ҳалли он ба маслиҳати шумо сахт ниёз дорам.
Аслан арӯси маро модарам интихоб намуданд ва ман занамро шаби тӯй дар зери чодар дидам. Рӯзи дуюми оиладориямон буд, бегоҳирӯзие ҳангоми дар хона қарор доштанамон арӯс чунон дод зад, ки ҳама аҳли хонавода талхакаф шудем. Вақте давида, ба наздаш омадем, аз даҳонаш кафк мерехт.
Модарам дарҳол қошуқеро гирифта, забонашро баровард. Хуллас, ӯро ба беморхона бурдем. Табибон гуфтанд, ки муддате ӯро дар бемористон бистарӣ кунонидан лозим аст. Баъди табобат гирифта ба хона омаданаш, боз ҳам ҳолаташ вазнинтар гашт.
Шабҳо аз хобаш хеста, мисли саг уллос мекашад. Ҳатто маро намешиносаду ҳақорат мекунад. Ба назди домулло бурда, дуохониву тамоми корҳои лозимаро анҷом додем, аммо баъди 40 рӯзи сиҳат шуданаш боз аҳволаш бад мешавад.
Мегӯянд, ки ба занам ҷин ё парӣ ёр шудааст, аз чизе сахт тарсидаву шояд ӯро бало зада бошад. Хуллас, аз зангириам садҳо бор пушаймонам. Қабл аз зангирӣ як ҳамсинфамро дӯст медоштаму ӯро ба занӣ гирифтанӣ будам, вале модарам розӣ нашуда буд. Акнун модарам аз интихоби кардааш пушаймон шуда, мегӯяд, ки ҷавоби занатро деҳ. Вале дилам ба зани беморам месӯзад. Чӣ кор кунам?