goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ ИЮЛИ СОЛИ 2026
1134

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз худро пур аз нерӯ ва рӯҳияи хуб эҳсос мекунед. Шояд шахсе пайдо шавад, ки ба зиндагии шумо таъсири мусбат расонад. Бо вуҷуди ин, дар қарорҳои муҳим шитоб накунед ва аз таваккали беҳуда худдорӣ намоед. Эҳтимоли нофаҳмӣ бо наздикон вуҷуд дорад. Рӯзи корӣ бештар ба анҷом додани корҳои ҷамъшуда мегузарад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва қарз гирифтан ё доданро ба вақти дигар гузоред.

Савр (21 апрел-21 май)

Рӯз барои муҳаббат, мулоқот ва сафарҳои кӯтоҳ мусоид аст. Имрӯз шояд маҷбур шавед масъалаи муҳимеро ҳал кунед ё суҳбати ҷиддӣ анҷом диҳед. Нимаи аввали рӯз хабарҳо ва пешниҳодҳои хуби корӣ хоҳед гирифт. Барои ояндаи молиявии худ бештар андеша кунед ва агар имкон бошад, пасандоз намоед. Барои беҳтар шудани саломатӣ бештар дар ҳавои тоза ва зери офтоби муътадил вақт гузаронед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз дар маркази диққат қарор мегиред ва аз атрофиён суханони хуш мешунавед. Дар хона низ шуморо як сюрпризи гуворо интизор аст. Барои расидан ба ҳадафҳои калон нерӯи худро беҳуда сарф накунед. Дар муҳити корӣ мавқеи худро бо боварӣ ҳимоя кунед, то дигарон аз содагии шумо истифода накунанд. Аз ғизои равғанину бирён ва шӯр худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз ҷаззобияти шумо бештар мешавад ва бисёриҳо ба шумо таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Рӯзи серкорӣ аст, вале агар вазифаҳоро дуруст тақсим кунед, ҳамаашро сари вақт анҷом медиҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ бахтатон баланд буда, муомилаҳои вобаста ба асъор метавонанд фоида оранд. Ба намуди зоҳирӣ ва саломатии худ бештар аҳамият диҳед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз васвасаҳои гуногун метавонанд шуморо аз роҳи дуруст дур созанд, бинобар ин эҳтиёткор бошед. Дар муносибатҳои оилавӣ мушкилоти кӯчакро сари вақт ҳал кунед, то ба баҳси ҷиддӣ табдил наёбанд. Меҳнати шумо дар ҷойи кор қадр мешавад, аммо тамоми бори корро танҳо ба дӯши худ нагиред. Рӯз аз интизориҳо осонтар мегузарад ва як шиносоии нав метавонад дар оянда барои шумо аҳамияти калон дошта бошад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз бо хушмуомилагӣ ва рафтори хуб дар ҳар ҷамъомад мавқеи махсус пайдо мекунед. Эҳтимол шиносоии наве оғоз шавад, ки зиндагии шуморо тағйир диҳад. Агар бо касе ранҷиш дошта бошед, вақти муносиб барои оштӣ кардан расидааст. Хастагӣ метавонад ба кори шумо таъсир расонад, бинобар ин каме истироҳат кунед. Ба зудӣ роҳи дурусти ҳалли мушкили деринаатонро меёбед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Кӯшиш кунед имрӯзро бо шахси дӯстдошта гузаронед. Агар миёни шумо нофаҳмӣ пайдо шуда бошад, ба зудӣ роҳи ҳалли он ошкор мешавад. Дар кор ҳушёр бошед, зеро рақибон аз ҳар имконият истифода мебаранд. Барои муваффақ шудан диққати худро ба корҳои муҳим равона созед. Хароҷот барои беҳтар кардани намуди зоҳирӣ метавонад дар оянда ба нафъи шумо бошад. Ба саломатӣ низ беэътиноӣ накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз барои суҳбати самимӣ бо шахси дӯстдошта рӯзи муносиб аст. Аввал андешаи ӯро бишнавед ва баъд оромона фикри худро баён кунед. Ба хотири пул аз наздикон дур нашавед, зеро онҳо аз ҳама дороӣ арзишмандтаранд. Рӯз барои мулоқотҳои расмӣ, имзои ҳуҷҷатҳо ва муроҷиат ба идораҳо мусоид аст. Аз гирифтани қарз худдорӣ намоед ва ба саломатии меъдаву рӯда бештар аҳамият диҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар ҳоло танҳо бошед, интизориҳои аз ҳад зиёд метавонанд барои пайдо кардани бахт монеа шаванд. Дар муошират бо наздикон сабру таҳаммул нишон диҳед, то нофаҳмиҳо пеш наоянд. Агар аз санҷиш ё тафтише нигарон бошед, хавотир нашавед, эҳтимол нигарониҳо беҳуда бошанд. Дар масъалаҳои молиявӣ сарфакориро пеша кунед. Пас аз анҷоми корҳо ҳатман барои истироҳат вақт ҷудо намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз эҳтимол дорад муҳаббати нав зиндагии шуморо рангоранг созад. Дар баҳсҳо шитоб накунед, зеро баъзан хомӯшӣ аз ҳар ҷавоб беҳтар аст. Ба корҳои муҳим афзалият диҳед ва нерӯи худро беҳуда сарф накунед. Имкони гирифтани мукофот ё беҳтар шудани вазъи молиявӣ вуҷуд дорад. Барои саломатӣ бештар ҳаракат кунед ва ба варзиш машғул шавед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз бештар ба дили худ гӯш диҳед, на ба маслиҳатҳои ҳар кас. Эҳтимол байни хоҳишҳои шахсӣ ва масъулиятҳои оилавӣ дудила шавед. Дар ҷои кор аз худнамоӣ ва фахр кардан худдорӣ кунед, зеро ин метавонад муносибати ҳамкоронро тағйир диҳад. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ бештар меваю сабзавот истеъмол кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Агар дар ҷустуҷӯи бахти худ бошед, ба одамоне, ки кайҳо боз мешиносед, бо нигоҳи дигар назар андозед. Барои муҷаррадон шиносоии ҷолиб имкон дорад, бинобар ин ба намуди зоҳирии худ аҳамият диҳед. Дар кор, махсусан агар ба савдо машғул бошед, бодиққат амал кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ шитоб накунед, аз харидҳои калон ва ваъдаҳои беандеша худдорӣ намоед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ кӯшиш кунед асабонӣ нашавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД