1xbet
Дарди зиндагӣ (ҚИСМИ 3)
1125

Ромиз аз куҷое пайдо шуда, занг зад, ки нав корҳояш барор кардаасту ба наздикӣ меояд. Хурсандии Лоларо ҳадду канор набуд. Боз дар дилаш маънии зистан пайдо шуда, худро пероста мекард, ки мабодо шавҳараш нохост аз муҳоҷират наояд.

Хушдоману хоҳаршӯяш доимо ӯро баъди мурдани волидайнаш сархӯр мегуфтанд. Ромиз бошад, бо баҳонаи муҳоҷират ба назди зане, ки соли аввали омаданаш издивоҷ карда буд, омада, зиндагии хушбахтонае дошт. Онҳо соҳиби як писару як духтар шуда буданд. Зангириаш мисли як нақша буд. Чунки модари ҷанҷолиаш доимо мегуфт, ки зан гир, ки ба ман ёрдамчӣ шавад. Ромиз он рӯз дар толори синамо дид, ки духтари оростаи шаҳрӣ чашмашро аз ӯ намеканад, барои ҳамин роҳи шиносоӣ ҷуста, бо ӯ шинос шуду изҳори муҳаббат кард. Дар асл ӯ фақат ҳамон зани дар синну сол аз худаш калонсолро дӯст медошту халос. Бо баҳонаи “ҳоло кор наёфтаам” доимо ҳамсарашро фиреб мекард.

Лола аз зарбаи сахти тақдир сарсон, бо кӯдаки хурдсол ҷойи рафтан надошт. Барои ҳамин ба тақдир тан дода, дар хонаи шавҳар зиндагӣ мекард. Хушдоманаш маҷбур кард, ки ту дипломи муаллимӣ дорӣ, баро кор кун, мо писаратро нигоҳ мекунем. Лола ба кор даромад. Маошашро тин ба тин хушдоман мегирифт.

Рӯзе аз кор барвақттар омаду писарчаашро дар берун дид, ки гиря карда нишастааст.

- Чӣ шуд, бачам?

- Очаҷон, дигар маро бо бибиам нагузоред. Маро гушна аз дар берун мекунанд, ки то омадани модарат дар берун шин. Ҳамин ки соати омаданатон омад, маро ба хона медароранд. Мегӯянд, ки агар ба очаат хабар кашӣ, ба гӯшат нонхӯрак (таракан) сар медиҳем. Очаҷон, ман аз нонхӯрак метарсам.

- Чӣ?

Лола писарчаашро гирифта ба ҳавлӣ даромаду аввалин бор дар тӯли панҷ соли арӯсиаш ба сӯйи хушдоман дод зада гуфт, ки чаро писари маро тарсонда ба кӯча пеш кардед? Охир, ин кӯдак хуни шумо аст!

- Э рав бо сағераат, аз хонаи ман. Писарам он ҷо зану ду кӯдаки зебо дорад. Ҳар моҳ занаш ба ман пул роӣ мекунад.

- Чиҳо мегӯед?

- Бовар накунӣ, рақами занашро медиҳам, занг зан.

Лола осемасар ба рақами гуфтаи хушдоман занг зад. Аз он тараф садои маҳини занона ҷавоб дод.

- Ассалом, мебахшед, ин рақами кист?

- Ба шумо кӣ даркор?

- Ман Лола, зани Ромиз.

- Лола, хуб ҳастӣ? Ромиз аз давраи аввалин бор ба Русия омаданаш маро ин ҷо никоҳ карда буд. Чандин бор пешаш кардам, нарафт. Ҳоло мо ду фарзанд дорем. Хоҳӣ, бо ӯ гап зан, худаш ҳақиқатро мегӯяд. Баро, шавҳар кун.

- Ромизро ҷеғ занед. Ман ҳаргиз ба ин суханони шумо бовар намекунам.

- Ромиз, биё, келини очат.

- Салом. Ромиз, ин гапҳо то чӣ андоза ҳақиқат доранд?

- Ба маънои томаш. Ман ин занро пеш аз ту ин ҷо никоҳ карда будам. Туро барои кори хона гирифтам. Мебахшӣ маро. Метавонӣ баромада равӣ. Ҷавобатро додам.

- Чӣ?

Лола дар даст телефони мобилӣ дар рӯйи ҳавлӣ афтод. Баъди лаҳзае побанди эҳсоси ғаму ноумедӣ дасти писарчаашро гирифта, сӯйи дарёчаи деҳа рафт. Ин лаҳза дар сараш чарх мезад, ки худашу писарчаашро ба дарё ғарқ бикунаду якумра аз ин азобу хиёнати шавҳар оромиш биёбад. Вале дар ними роҳ писарчааш гуфт:

- Очаҷон, ман имсол мактаб меравам?

- Не, бачам, соли дигар.

- Очаҷон, ман калон мешавам, милиса мешавам. Намегузорам, ки бибиму амаам шуморо ин қадар азоб диҳанд. Падарамро аз Русия меорам.

- Оҳ, бачам…

Ин суханони таъсирноки кӯдаки шашсола ба қалби ғамгину маъюси модар шуълаи умед оварду ӯ қафо гашт.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД