1xbet
Дарди зиндагӣ (ҚИСМИ 2)
952

- Оҳ, духтари дадаш, ман мехоҳам, ки ту хушбахт шавӣ, на бадбахт. Боварӣ дорӣ, ки ин ҷавон туро хушбахт мекунад? Мегӯянд, ки хок гирӣ, аз хоктудаи баланд гир. Мо туро мисли гул парваридаем. Магар ту дар ин оилаи бисёрӣ зиндагӣ карда метавонӣ. Магар дар деҳа зиндагӣ кардан хушат аст?

- Бале, падар, ман ӯро дӯст доштам ва ин дӯстдорӣ якумра аст.

- Баъди панҷум курс, ки диплом гирифтӣ, гап мезанем.

- Аммо падар, ба хостгорон не нагӯед.

- Майлаш, духтарам, хотири ту барои ман аз эҳсоси падариам баландтар аст.

Баъди тамом кардани донишгоҳ Лоларо падару модар аз ҳисоби худашон тӯйи бошукуҳ карда, ба Ромиз доданд. Ромиз баъди тӯй ӯро ба қишлоқ бурд.

Акнун Лола аз субҳ то шом кори ҳавлии калонро мекарду бегоҳиҳо хаставу афсурда даруни бистар медаромад.

Ромиз дид, ки зиндагии оилавиашон хеле қашшоқона аст, рӯ ба муҳоҷират овард. Ба Лола гуфт, ки интизор шав, ҳамин ки корҳоям хуб шуданд, ба ту пул мефиристам, чипта харида ба наздам меоӣ.

- Нарав, ҷонам, бе ту мемирам. Охир, ман дар моҳи нуҳуми ҳомилагӣ қарор дорам.

- Меравам, зиндагӣ мушкил гашт.

Шавҳараш ба муҳоҷират рафт. Лола тифлашро бо азоби дучанд дар хона таваллуд кард. Чунки хушдоманаш нагузошт, ки ба таваллудхона равад.

Тавлиди писарчаи дӯстрӯ ҳам дили хушдоманро гарм накард. Ҳамоно дурушт буду ҷоҳил. Ҳатто вақти кору бори ҳавлӣ ба кӯдак нигоҳ накарда, мегуфт, ки таваллуд кардӣ, ба худат кардӣ, ҳам нигоҳ куну ҳам кори хонаро кун. Вагарна ман ҷияни худамро келин карданӣ будам.

Ромиз рафту ҳамагӣ як бор занг зад. Як сол гузашт. Аз ӯ дараке нашуд. Он рӯзи бадбахтӣ падару модари Лола хӯрокаи зиёд гирифта, ба хонаи духтарашон хабаргирӣ омаданд.

Баъди хайрухуш дар роҳи Ромит ногаҳон ба мошини Камаз бархӯрда, зану шавҳар бо мошин сарозер ба ҷарӣ фурӯ рафтанд. Мурдаи онҳоро баъди ду рӯз аз даруни дарёи поини ҷарӣ ёфтанд.

Лола аз марги наздиконаш девона шуд. Ҳеҷ ба худ намеомад. Хушдомани ҷоҳил бошад, ба ҷойи меҳрубониву тасаллият таъна мекард, ки дидӣ, падарат ҳатто хонаашро ба номи ту накардааст.

Ҳавлии падарии Лола ба амакаш меросӣ тааллуқ дошт. Лола аз ятим монданаш сахт зарбаи равонӣ хӯрд. Акнун бо касе гап намезаду парешонхотир мегашт. Писарчаи дусолааш ширин-ширин гап зада, ӯро ба оғӯш мекашид. Ягона ғамбарору маънии зиндагиаш писараш буд.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД