arzon replenishment
ДАРДИ ДИЛИ ЗАНУ ШАВҲАРИ НОБИНО ВА ФАРЗАНДОНИ ХОРУ ЗОРИ ОНҲО
3083
ДАРДИ ДИЛИ ЗАНУ ШАВҲАРИ НОБИНО ВА ФАРЗАНДОНИ ХОРУ ЗОРИ ОНҲО

Талхиҳои зиндагӣ, бенавоӣ, бехонагӣ ва нобиноӣ Шаҳобиддин Ҳабибовро маҷбур намуд, ки дари сомонаи “Оила.тч”-ро кӯбад . Аслан ӯ аз модар солим ба дунё омада буд ва то 15 -солагӣ аз дигар ҳамсолонаш фарқе надошт. Дар дил ҳавасҳои зиёде мепарварид ин ҷавони орзупарвар, мехост ронанда шавад ва мардумро ба манзили муродашон бирасонад, аммо...

Тақдири бераҳм дар синни 16-солагӣ бо Шаҳобиддин бозии номардона оғоз намуда, якбора аз дидаи бино маҳрумаш гардонд ва ба чойи чамбараки мошин асо ба дасташ дод.
Ин ҷавони қавиирода бар рағми қисмати номард оила барпо намуд, то кулбори аламҳояшро бо ҳамсараш қисмат кунад. Ба сони худаш аз дидаи бино маҳрум аст ҳамсараш, аммо бо амри худованд аз ин зану шавҳари оҷиз 3 фарзанди биною солим ба дунё омадааст. Фотима 8 сола, Сумая 6 сола ва Шамсияи Шаҳобиддин ҳамагӣ 2 моҳа аст. Ба оҷизиаш нигоҳ накарда Умринисо ҳамеша кӯшиш ба ҳарҷ медиҳад, ки фарзандонашро хуб нигоҳубин кунад.
Пас аз такудавҳои зиёд ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба Шаҳобиддин Ҳабибов барои сохтмони манзил қитъаи замин ҷудо кард, вале бо сабаби оҷизӣ ӯ имконият надорад, ки барои фарзандонаш хоначае бунёд намояд. Агар дар муддати се сол Шаҳобиддин аз ӯҳдаи сохтани манзил набарояд, қитъаи замин аз даст меравад. Орзуи ягонаи ин марди аз дидаи бино маҳрум он аст, ки илоҷе карда, аз хоку лой бошад ҳам, як кулбача созад, то ки зану фарзандонаш орому осуда зиндагӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД