Муроҷиати дардолуди Бунафша Аҷикова маро маҷбур намуд, ки ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, роҳи ноҳияи Темурмаликро пеш бигирем. Пайроҳаи пур аз чангу ғубор ва пули ларзонаки деҳаи Оби Ширин моро ҷониби манзили қаҳрамони навбатии барномаамон мебарад.
Ҳарчанд номи деҳа Оби Ширин бошад ҳам, зиндагии Бунафша Аҷикова дар тӯли 15 соли хонадориаш ҳаргиз ширин набуд. Биёед, талхиҳои қисмати ин зани деҳотиро, ки модари шаш фарзанд буда, рӯзгори сангине дорад, аз забони худаш бишнавем. Бо дидани мӯйҳои жӯлидаву сару рӯйи пур аз чангу ғубор ва дасту пойҳои бар асари сармо торс-торс кафидаи ин тифлакони маъсум дили кас ба дард меояд. Бачаҳои Бунафша дар ҳамин айёми сармои зимистон бо либосҳои бе остини тобистона, сарлучу пойлуч дар хоку лой ҷӯлида мегарданд. Ин тифлакон дар дил орзуву ҳавасҳои зиёде доранд.Онҳо мехоҳанд мисли дигар ҳамсолонашон либосҳои зебо дошта бошанд, мехоҳанд тозаву озода ба мактаб раванд, аммо падари маъюбашон, ки бо аробакашӣ машғул аст, имкон надорад, ки хоҳиши фарзандонашро амалӣ созад. Умедворем, ки ҳукумати ноҳияи Темурмалик, масъулини ҷамоати деҳоти Кангурт, соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар афроди саховатманд нисбати тақдири ин оилаи камбизот бетараф намонда, ба Бунафша Аҷикова ва шавҳари маъюбу фарзандони хурдсолаш дасти мадад дароз менамоянд.
БАРОИ КӮМАК МЕТАВОНЕД БА РАҚАМҲОИ ДАСТИИ БУНАФША ЗАНГ ЗАНЕД 559001362 БА РАҚАМИ КОРТИ БОНКИ ҲУМО 5058270301138359 ХАЙРИЯИ ХУДРО ИНТИҚОЛ НАМОЯНД.