arzon replenishment
Дарди дили як марди муҳоҷир
1126

Салом! Самандар ҳастам, як муҳоҷири тоҷик, ки барои дарёфти пораи нон дар Русия ранҷу азоби бешумор мекашам.

Дар шаҳри Москва кор мекунам. Танҳо муҳоҷироне, ки дар ин ҷо кор мекунанд, медонанд, ки пул кор кардан дар Русия чӣ қадар душвор шудааст. Махсусан баъди ҳодисаи нохуше, ки дар Крокус рӯй дод, мардуми рус ба мо - муҳоҷирони меҳнатии тоҷик нафрату бадбинии зиёд пайдо кардаанд ва ҳар рӯз, сари ҳар қадам таҳқир мекунанд, ошкоро мегӯянд, ки ба ватани худатон равед. Ман бо азобҳои алим дар як ширкати сохтмонӣ кор мекунам ва сементу хишт мекашонам, то зану фарзандонамро хӯронаму пӯшонам, аммо...

Пештар шароити молиявиам хуб буд ва қариб ҳар моҳ ба бародару хоҳаронам низ пул мефиристодам, вале вақтҳои охир пулёбӣ дар ин ҷо бисёр душвор гаштааст. Росташро гӯям, акнун аробаи зиндагии оилаи худамро базӯр мекашонам, вале бародару хоҳаронам ба ҷону ҳолам намонда, “барои гаҳворабандон кардани кӯдаки духтарам пул даркор”, “писарамро ба донишгоҳ дохил мекунам”, “фарзандонам либоси мактабӣ надорад” гӯён, тез-тез занг мезананд, ки барояшон маблағ фиристам. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки ҳоло вазъият дар Маскав душвор шудааст ва дар кисаам як тини пучак ҳам надорам, ба гапам бовар намекунанд. Гӯшу майнаамро мехӯранд, “ту аз тарси занак дигар ба мо пул равон намекунӣ, занкалон шудаӣ” ва ғайра...

Ҳамсарам ҳам вақтҳои охир ҳар гоҳи занг заданаш шикоят мекунад, ки мардак, шумо ба бародару хоҳаронатон дигар пул намефиристеду модаратон “пули писарамро фақат ту бо бачаҳоят мехӯрӣ” гуфта, дар сари мо чормағз мешиканад.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД