Бо сад орзую ҳавас соли 2008-ум ба бахши «ҳуқуқшиносӣ»-и Донишгоҳи миллӣ дохил шудам. Шабу рӯз чашмам аз китобу дафтар канда набуд, бо тамоми қувват мехондам ва қариб ҳамеша баҳои аъло мегирифтам. Ҳамсабақонам ҳазл намуда мегуфтанд: «Ҷойи Ленинро гирифтан мехоҳӣ-чӣ, камтар хон, ки дар сарат ягон тора мӯй намемонад!»
Ба ин ҳама мазоқу масхараашон аҳамият надода, ҳамеша аз пайи илмомӯзӣ будам ва донишамро сайқал медодам. Чандин китобҳои доир ба қонунҳоро аз ёд кардам. Саводам муаллимонро қоил мекард. Хуллас, донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намудам. Устодон пешниҳод намуданд, ки дар кафедра муаллим шавам, вале забондарозӣ намуда «ҷое меравам, ки кордам ҳамеша болои рӯған бошад» гуфтам.
Дипломаки сурхамро дар киса зада ба дари чандин корхонаҳо сар халондам, вале калоншавандаҳо як ба дипломам назар мекарданду заҳрхандакунон «баҳоҳои пулакӣ гирифтагита намоиш доданӣ омадӣ?» гуфта, навмед гуселам менамуданд. Аз чандин идораҳо бо дили хуншору чашми гирён берун шуда, оқибат аз корёбӣ умедамро ба тамом кандам. Дардамро ба падару модарам фаҳмонида муҳоҷират меравам гуфтам ва дуояшонро гирифта чипта харидам. Дар шаҳраки «Белая дача» чанд шинос доштаму наздашон омадам. Қатори дигарон кӯчарӯб шудам.
Соати 3-и шаб аз хоби ширин бархоста, кӯчаҳоро тоза мерӯбем. Бесавод мебудам, боке набуд, вале аламам мекунад, ки дар Ватан донишгоҳро бо дипломи сурх хатм карда, оқибат хаскаши мулки ғурбат шуда мондам. Ман ба он умед 5 сол нозукиҳои ҳуқуқшиносиро шабу рӯз наомӯхта будам, ки дар кишвари мардум кӯчарӯб шавам. Аз хонданам сахт пушаймонам!
Ҳакимҷон, аз Белая Дачаи Федератсияи Русия