Arzon march 2024
Дарди дили марди майхора (ҚИСМИ 2)
1771

Ҳангоми бо Зарина будан, сару либосам ҳам дигар шуду корам ҳам омад кард, ман дигар он майзадаи ҷулҳундипўш набудам, зеботар либос мепўшидам сару танам шўставу озодаву мўям ҳам ба тартиб оварда. Ин тағйироти ҳоли ман аз чашми дўстони воқеан ҷониям, ки ду нафар буданд, пинҳон намонд ва онҳо ғоибона Бунафшаи маро таърифу тавсиф мекарданд.

Бунафша аз ман шаш сол калон буд, аммо қомати пасту мавзунияш ўро хеле ҷавон нишон медод. Чашмони кабуду мӯйи тилорангаш бошад, ўро шабеҳи духтаракони синамо мекард, ман аз сари нав ба зиндагӣ дил бастам, вале…

Як шом Бунафша гуфт, ки ман ба ҳаммом медароям, ман гумон кардам, ки ў даромад ва ҳамин вақт Заринаи хира занг зад. Ман бо ў бо видеоӣ гап задем, он қадар ба гуфтугў дода шудам, ки болои сарам пайдо шудану то охир нағмаҳои маро дидани Бунафшаро эҳсос накардам. Чун Бунафшаро дидам, телефонро хомўш кардам, ў фақат як гап гуфт:

- Дафъ шав, ифлос!

Дигар на зориям фоида карду на гиряҳоям, ў маро мисли саги дайду аз хонааш ронд ва ман боз роҳ пеш гирифтам ба сўи хобгоҳи бўин.

Рўзи дигар рафтам то либосҳоямро аз хонаи ў бигирам. Бунафша сард гуфт:

- Ман либосатро ба партовгоҳ партофтам, туро ҳам, гум шав аз назарам!

Ду моҳ аз паяш гаштам, оқибат ҳақоратҳои безебам карду аз ў дасту дил шўстам. Баъди Бунафша, дигар бо Зарина гап назадам, занҳои дигар пайдо мешуданд, аммо ягон нафарашон Бунафша набуд…

Шояд ин қиссаро расонаӣ намекардам, аммо дирўз…

Ҳамсарам аз қишлоқ занг зада гуфт, ки агар тавонӣ, камтар читу сатин харида биёр. Ман ба бозор рафтам, камтар чит харидаму дар истгоҳ интизори нақлиёт менишастам. Ҳамин вақт мошини қимматбаҳое наздам қарор гирифту аз он Бунафшаи ман фаромад, куртаи оддияки тоҷикидухт ба ў он қадар мезебид, ки худамро дошта натавонистаму чанд қадам ба пеш рафтам. Ҳамин вақт аз нишастгоҳи паҳлўи ронанда марди қоматбаланде фаромад. Ў хеле зебо, машқдида, мўйҳояш мошу биринҷ, либоси варзишии сафедаш ба қавораи паҳлавононааш мос афтида…

Диламро рашк шикофт, ин кӣ бошад, ки Бунафша ўро дар паҳлуяш гирифта мегардад. Ҳангоми бо ман будан, ў мошин надошт, ё ин мард бо ҳамин мошин дилашро ёфта бошад?! Аз сарам сад хаёл мегузашт, намедонам ин мард, кӣ буд. То ҷое медонам, Бунафша чор додар дошт, аммо ў ба мард бо муҳаббати дигар нигоҳ мекард, на чун додар…

Ба ошхонае даромадаму то мурдан арақ нўшидам, субҳ худро зери як дарахте дидам, дар дастам на чит буду на телефону…

Пайваста май менӯшам, аз дўстонам ҳамоне, ки маро ба кор гирифт, бо ман асту боз як нафари дигар, онҳо бо ахми рў мегўянд, ки Бунафша кайҳо шавҳар кардасту парвои ту надорад, айб аст ин қадар худро паст задан!

Шояд қиссаи зиндагии парешони ман ба касе аҷиб набошад, вале ман дарди диламро гуфтам. Ба ҷавониям нигоҳ накарда, ҳама увзҳои баданам беморанд, шояд аз таъсири арақ бошад. Ба бародарони азизи худ гуфтаниям:

- Ғиромбозӣ кори мард нест, накунед! Зиндагии ман мисоли равшани ин гуфтаҳост…

РАВШАН

Таснифи Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД