Корам умуман омад намекунад, савод дорам, кор карда метавонам, дузду ҳаромхўр нестам, аммо инсони бетолеъ ҳастам. Доим пул надорам, бо автобус мегардам, ба ҳамсолонам менигараму ҳайрон мешавам, чаро онҳо метавонанд?! Онҳо метавонанду ман не?!
Сарвар милиса аст, кораш бобарор, ҳафт фарзанд дорад, дар деҳаву шаҳр хона, ҳар рўз мошин иваз мекунад, зебо мепўшад, рўйи дастархонаш ҳама чиз ҳаст. Ҳаминашро медонам, ки ў ғайри кори асосияш бо аҳли хонавода дар боғ ҳам кор мекунад. Охир, ман ҳам дар боғам кор мекунам, аммо ҳеҷ якам ду намешавад. Ҷӯраи дигарам ронандаи таксӣ аст, бовар кунед, зиндагияш аз зиндагии ман сад бор хубтар аст…
Ман кӣ ҳастам?
Ман Равшан, ҷавони қоматбаланди зебо, дар як идораи давлатӣ кор мекунам, аз чанд бонк қарздор ҳастам. Хона надорам, зану фарзандам дар қишлоқ, худам дар маркази вилоят кор мекунам, дар як моҳ як бор ба хонаамон меравам. Бовар кунед, аз одами бепул волидонаш ҳам безоранду зану фарзандаш ҳам. Хонаҳои кўҳнаи падариро бо як азоб бо навбат таъмир дорам, охир духтарҳоям калон шудаанд ва имрўзу фардо хосгорон остонаи ин хонаро зер мекунанд, намедонам сарамро ба кадомин санг занам. Не, аз аввал ин хел набудам, кори хуб доштам, маошам ҳам хуб буд, вале…
Он вақтҳо ҷавонтар будам. Боре ба идораамон зане ба кор омад, ки чашмонаш бозӣ мекарданд. Ман ба ин чашмони бозингар дил бастам, аниқтараш ў маро ба худаш ҷалб кард ва бори аввал ба ҳамсарам хиёнат кардам. Медонистам, ки Зарина зани дуюми як одами зӯр аст, вале худро дошта натавонистам. Зуд –зуд дар хонаи иҷораам бо бонуи бозингар вомехўрдам, то он рўзе, ки ҳамсараш моро ҳамроҳ қапид. Ў аввал Заринаро зери мушту лагад кашиду баъд маро, чӣ қадар таҳқирам кард, ки ба ёд биёрам, мўйи танам рост мешавад. Дар пеши чашми Зарина либосҳоямро кашида, дар рўям шошид, суратамро гирифт ва баъд гуфт, ки агар аризаатро навишта, аз шаҳр баромада наравӣ, аҳволат бад мешавад! Ман аз тарси шарманда шудан, ба ҷое шикоят набурдаму ариза навишта рафтам, танҳо баъди аз кор рафтанам як дўсти наздикам гуфт, ки Зарина ғайри ту бо чанд нафари дигар мегашту баъди ин воқеа зани як нафари дигар шуд. Ин гап дар қишлоқамон паҳн шуд ва падарам маро аз хона ронд. Ба май дода шудам, чӣ оворагиҳое, ки накашидам, худам медонаму Худо…
Як дўстам вазифаи баланд гирифту маро ба кор даъват кард, ў аҳволи бади маро аз як шиноси умумиямон шунида будааст. Дар як хобгоҳ зиндагӣ мекардаму роҳам аз хона то корхона буду халос, ба ягон нафар аҳмият намедодам. Дар ин миён бо падарам оштӣ кардам, боз ба назди зану фарзандам рафта меомадам. Ростӣ, дилам аз дунё монда буд, дар ҳамин айём бо зане вохўрдам, ки ба зиндагии ман гармиву сафо овард…
Бунафша бо як кор ба идораи мо омаду бо ў шинос шудам, бисёр зани зебои назарбаланд буд. Ростӣ, бори аввал ин гуна зани хушлибоси нозанинро медидам, ҳарфзаниҳои зебояш маро мафтун кард. Ростӣ, аввалҳо гапзаниҳоямон дўстона буд, ман куҷову Бунафша куҷо?! Ў он қадар зани ростгў буд, ки дар сўҳбатҳоямон баъзе гапҳояшро мегуфту ҳайрон мешудам, ки одам ин хел сода ҳам мешудааст. Охир, занон сад ҳарфи пинҳонӣ доранд, чун дидам, ки Бунафша хеле меҳрубон аст, ба вай изҳори ишқ кардам.Ў аввал қаҳр карду ба зангҳоям ҷавоб намедод, баъд ман навиштам, ки шумо занҳо мардони серпулро дўст медоред, аз ин рў, аз изҳори ишқи мани камбағал қаҳрат омад?!
Бунафша худаш занг зад ва гуфт:
- Равшанҷон, ин хел нест, аввалаш ин ки ман дар зиндагӣ азоби зиёде кашидаам. Ҳамсарам нашъаманд буд, чӣ қадар азобам дод, худам медонаму Худо, баъди марги ў раҳматии хусурам маро ба донишгоҳ дохил карду хонаам харида дод, то духтараконам миёни раҳ намонанд. Ман дар ду ҷой кор мекардам, хоби ҳалол надоштам ва духтаронамро хонондаму хонадор кардам. Тақдир будаасту онҳо имрўз аз ман дур зиндагӣ мекунанд, аммо ман дар ҷавонӣ ишқи касеро қабул накардааму акнун, ки умрам ба панҷоҳ қариб омадааст, ишқварзӣ мекунам?! Барои ман пул муҳим нест, зеро худам меёбам пуламро, аммо ба мардҳо бовар намекунам. Маро бубахш, камбағалии ту ин ҷо нақш надорад.
Ман он қадар аз паси Бунафша давидам, ки аввал ба дилаш, баъд ба хонааш роҳ ёфтам ва баъд сар шуд нағмаҳоям. Ман бисёр менўшидам ва боре ҳодисаи ишқи Заинаро ба Бунафша нақл кардам. Намедонистам, ки ҳамин ҷо ҳам Зарина ба сарам об мерезад. Зарина маро ёфт, занг мезаду изҳори ишқ мекард, мегуфт, ки маро фаромўш карда наметавонад ва ман ҳам дар хонаи хушҷиҳози Бунафша сурат гирифта, ба вай мефиристодам. Бо ҳамин худамро таскин медодам, Бунафшаро аз ҷонам зиёдтар дўст медоштам, зеро ў зиёдтар аз ҳама бо ман меҳрубон буд. Ман ин қадар меҳрубониро на аз модарам дида будаму на аз ҳамсараму на аз Заринаи хомфарбеҳ.
РАВШАН
Таснифи Рухсора Саид