Ман ҳамагӣ 20 сол дорам, вале дунёро на бо чашми сар, балки бо чашми дил мебинам, чунки Худованд маро аз чашми бино маҳрум намудааст.
Вақти таваллуд кардани ман модарам сари фарзанд рафтааст ва падарам мани берӯзиро «шумқадами сархӯр» гӯён, дигар суроғ накардааст. Бобою бибии модариам, ки одамони тақводор буданд, ба тақдир тан дода, маро ҳамчун ягона ёдгории духтари ҷавонмаргашон ба воя расонидаанд.
Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки “ба даҳони ятим нон расад, биниаш хун мешавад”. Ба бахти бади мани бетақдир ва сарсахт, дар 12-солагӣ бобоям ва баъди ду сол бибиам аз олам гузаштанду тамоман бесоҳиб мондам. Яке аз холаҳоям ночор тарбияи маро бар дӯш гирифт, аммо дар ин хона маро мисли бобою бибиам эрка намекарданд. Азбаски нобино ҳастам, кору бори хонаро ба хубӣ иҷро карда наметавонам ва барои ҳамин мудом гап мешунидам, ки дарди сари зиёдатӣ ҳастам.
Хулласи калом, дар синни 17-солагӣ маро ба як ҷавони маъюб, ки як пояш мелангад, ба шавҳар доданд. Нобино бошам ҳам, ба қадри тавон хизмати шавҳар ва хусуру хушдоманамро мекунам, аммо онҳо мудом “як кӯрро келин карда, ба худамон дарди сари зиёдатӣ харидем” гӯён, маро таҳқир мекунанд ва диламро озор медиҳанд. Писарашон ланг бошад ҳам, наздикони шавҳарам маъюбии фарзанди худашонро гӯё надида, айби маро мудом ба пешониам мекашанд, таъна мезананд.
Дилам мехоҳад сарамро гирифта баромада равам, вале ба хотири ду фарзандам, ки яке дусола шудаву дигарӣ ҳанӯз ба дунё наомадааст, астағфуруллоҳ мегӯям. Намехоҳам кӯдаконам мисли худам ятим ба воя расида, гапшунави дӯсту душман ва муҳтоҷи дари хонаи мардум гарданд.
Ман аз касе шикоят карданӣ нестам, фақат ба одамони биною солим гуфтаниям, ки дили мо - маъюбонро бо неши сухан озор надиҳед, зеро захми табар мераваду захми сухан не. Мо ҳам мехостем мисли ҳама солим бошем, аммо тақдири инсон дар дасти офаридгор асту худо сангат кунад ҳам, чора надорӣ...
М. Т.