arzon replenishment
Дарди дили аскарбача
08.10.2024
ШОДМОН
3014

Салом! Шодмон ном дорам ва муддати як сол мешавад, ки дар аскарӣ дар хизмати Модар-Ватан ҳастам. Духтареро сахт дӯст медорам. Ростӣ, ният карда будам, ки баъди хизмат бо сари баланд ба хона баргашта, маҳбубаамро хостгорӣ мекунам, вале...

Вақте рухсатӣ гирифта ба хона рафтам, аз забони ёру ҷӯраҳоям шунидам, ки духтари дӯстдоштаи ман баъди ба аскарӣ рафтанам бо ҷавони дигаре робитаи ошиқона барқарор намудааст. Ин хабар маро чунон аз худ бехуд намуд, ки дигар рӯйи маҳбубаамро дидан нахостам. Вақти дар хона буданам духтар чанд маротиба ман занг зад, ба дасти кӯдакони кӯча номаи ошиқона фиристод, аммо ба мулоқот нарафтам.

Аз вақте ки ин гапро шунидам, хоб аз чашмонам паридааст. Аз як тараф ору номуси мардӣ, аз ҷониби дигар ишқи покам ба ин духтар маро азият медиҳад. Гӯр кардани ишқ дар дил бисёр кори душвор аст, вале аз тарафи дигар, чӣ тавр ман мард шуда, бо духтаре, ки ба рӯйи эҳсосотам по ниҳода, бо каси дигар робатаи ошиқона барқарор кардааст, дар боби ишқу муҳаббат суҳбат мекунам, дасташро мегирам ва умедвораш месозам, ки ӯро ба занӣ мегирам?! Духтар дар ҳар як номааш зорию тавалло карда истодааст, ки ба ин гапҳо бовар накунам. Мегӯяд, ки ҷӯраҳои ман аз рӯйи бахилӣ ӯро туҳмат карда истодаанд. Ростӣ намедонам ба кӣ бовар кунам.

Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД