Баландтарин дарахте, ки ҳоло дар сайёраи мо мерӯяд, номи хосаи худро дорад, Гиперион – (Hyperion) ва он дар ИМА, Калифорния, дар Боғи Миллии Редвуд мерӯяд. Ин секвоияи ҳамешасабз аст, ки онро муҳаққиқон ба наздикӣ-соли 2006 кашф кардаанд. Дарози баландтарин дарахти сайёра зиёда аз 115 метр аст. Агар барои муқоиса баландии бинои даҳошёнаро гирем (қариб 40 метр), пас, секвоия Hyperion қариб 3 (2875) баробари «биноҳои даҳошёна» аст. Диаметри танаи дарахти азимҷусса камтар таъсирбахш нест-он дар сатҳи замин аз 4,8 метр зиёд аст. Синну соли тахминии дарахт 7-8 аср ҳисоб карда мешавад. Ҷолиб он аст, ки макони ин дарахт ба мардум маълум нест, зеро бо ин роҳ мехоҳанд дарахтро аз таъсири харобиовари одамон муҳофизат кунанд.