Дар як вақт чанд дастгоҳи барқиро истифода набаред, вагарна бе барқ мемонед!
71

Бо сабаби кам шудани сатҳи об дар обанбор ва коҳиш ёфани тавлиди нерӯи барқ Шабакаи тақсимоти барқи шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт хоҳиш кардааст, ки дар як вақт чанд дастгоҳи барқии пурқувват, аз ҷумла обгармкунак, плитаҳои барқӣ, дарзмол ва мошини ҷомашӯиро ба кор наандозанд.

Дар огоҳинома (СМС)-и ирсолнамудаи шабака омадааст, ки агар масраф аз 4 кВт зиёд бошад, барқ ба таври худкор барои 30 дақиқа қатъ мешавад. Ба шаҳрвандон тавсия дода шудааст, ки дар чунин мавридҳо баъзе асбобҳоро аз шабака ҷудо карда, то барқарор шудани барқ интизор шаванд.

Таъкид мешавад, ки ин тадбир муваққатӣ буда, барои сарфаи об дар обанбор дар шароити камобӣ нигаронида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД