13 ҳазору 714 дар соли 2021 оила дар Тоҷикистон пош хӯрда, зану шавҳарон ба таври расмӣ аз ҳам ҷудо шудаанд.
Ин рақам нисбат ба як соли пеш тахминан 3 ҳазор зиёдтар буда, бар асари вайроншавии оилаҳо ҳудуди 15 ҳазор кӯдакон нимаятим гаштанд,-иттилоъ додааст, Вазорати адлияи Тоҷикистон .
Аз хулосаи омори расмӣ метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳар рӯз 37 оила ва моҳе беш аз 1100 оила барҳмам мехӯрад.
Талилгарон борҳо таъкид намудаанд, ки мушкилоти парокандашавии оилаҳоро дар кишвар бояд ҷиддӣ гирифт, зеро ин падида дар ояндаи наздик барои кишвар оқибатҳои ногуворро ба бор меорад.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабариаш, ки моҳи феврал баргузор гашта буд, гуфт:
"Сабаби афзоиши талоқ дар соли 2021 он аст, ки бахше аз хонаводаҳо бо далели пандемия соли 2020 сари вақт шаҳодатномаи талоқро ба даст оварда натавонистанд ва ин корро дар соли 2021 анҷом доданд.”
Сабаби афзоиши талоқро дар кишвар мақомот ва рӯҳониён ба мушкилоти иқтисодӣ ва маърифати пасти хонаводаҳо рабт медиҳанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии моҳи феврал сари ин мавзӯи доғи ҷомеа изҳори андеша намуда гуфта буд:
“Аксари оилаҳо дар бораи зану шавҳарӣ ё зиндагии шарик маълумоту тасаввурот надоранд. Дар натиҷа, ноком мешаванд. Тарафи дигари масъала, чӣ тавре ба мо муроҷиат зиёд мешавад, даъвои оилавӣ ва масъалаи камбизоатӣ аст."
Ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба шумор меравад ва ҳарчанд масъулони Кумитаи кор бо занон борҳо таъкид намудаанд, ки дар доираи барномаҳои худ талош доранд, аз пошхӯрии хонаводаҳо пешгирӣ кунанд,ин мушкил коҳиш намеёбад. Коршиносон фаъолияти мақомотро дар ин бахш нокофӣ меҳисобанд.