Фарзона ними шаб аз хоб дод зада бедор шуду чароғро даргиронд. Писаракаш масти хоби ширин буд.
- Худоё, ин чӣ хобе буд, ки ман дидам? Таъбираш чӣ бошад? Дилам аз зиқиву танҳоӣ ҳозир аз тарс мекафад. Охир, 5 сол аст, ки Хуршед аз ман дур аст. Чунин зиндагии ба ном дилгирам кард. Писарам алакай 9-сола шуду аз синни 4-солагӣ рӯйи падарро надидааст.
Фарзона дар хоб шавҳарашро дид, ки дар лаби дарё нишаста, моҳӣ медорад. Ногаҳон аз даруни об як аждаҳои калон пайдо шуда, ӯро фурӯ бурд. Сабаби дод зада бедор шудани Фарзона ҳамин лаҳза буд.
Фарзона бо Хуршед тавассути телефон шинос шуда буданд. Баъди ду моҳи суҳбати телефонӣ онҳо вохӯрда, бо як дидан ба ҳамдигар меҳр бастанду байнашон муҳаббати сӯзон пайдо гардид. Гарчанде падари Хуршед зидди ин хонадоршавӣ бошад ҳам, Хуршед онҳоро охири охирон розӣ кунонду тӯю тамошо шуд.
Фарзона баъди хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ хост, ки дар ягон мактаб муаллима кор кунад, аммо шавҳараш нагузошт. Ҳамин тавр, дипломаш таги сандуқ монду Фарзона хонашин шуд. Дере нагузашта ӯ соҳиби писарчаи дӯстрӯе гардид. Писари миёнаро хонадор карданду ҳавлӣ барои келинҳо тангӣ кард. Миёни ду келин доимо ҷанҷол буд. Хуршед кори муҳандисиро партофта, рӯзе гуфт, ки “ман бо як ҳамсинфам гапзанон кардам, ба муҳоҷират меравам. Ҷойи кор хуб будааст дар шаҳри Маскав, ҳамин ки кор хуб шуд, туро ҳам омада бо писарчаамон мебарам”.
Инак аз байн 5 сол гузаштаасту аз Хуршед дараке нест. Яке хабар овард, ки зиндаву саломат асту дар шаҳри Архангелски Русия зани русу фарзанд дорад. Дигари хабар овард, ки Хуршедро дар шаҳри Маскав мошин задаасту ӯ маъюбу маслуқ гашта, дар хонаи бесоҳибон аст. Умуман, касе дар бораи Хуршед гапи аниқе гуфта наметавонист.
Фарзона баъди фикри дурудароз ба хулосае омад, ки шавҳарашро кофтанӣ ба Русия меравад. Бо хусуру хушдоманаш маслиҳат кард. Аммо онҳо розӣ нашуда, гуфтанд, ки агар равӣ, писаратро мону худат ҳамон хел баромада рав. Фарзона бо дили пур писарашро бо хусуру хушдоманаш гузошта, худ ба ҷангу пӯписаи онҳо нигоҳ накарда, роҳи Русияро пеш гирифт. Аввал ба нишонии дӯсти шавҳараш рафт. Дӯсти шавҳараш ӯро хуб пешвоз гирифта, гуфт, ки се соли охир Хуршедро боре надидааст:
- Рости гап, панҷ сол пештар ба хонаи ман омада буд. Ҷойи кор ёфтамаш, аммо ӯ беақлӣ карда, думи беваи қирғизеро гирифта, ба шаҳри Твер рафта буд. Дигар надидамаш.
Дили Фарзона баъди шунидани ин суханон ба дард омада, аз дӯсти шавҳараш илтимос кард, ки барояш ягон сарпаноҳи муваққатӣ ёбад. Барои ӯ хонаи кироя ёфта доданд. Фарзона бо ҳамроҳии кампираки русе зиндагӣ мекард. Ҳам ба кори хонаи ӯ кумак мекарду ҳам дар мағозае фаррошӣ намуда, пули калон меёфт. Баъди пулҳояшро ҷамъ кардан нисфашро ба хусуру хушдоманаш фиристоду нисфи дигарашро захира кард. Нақша кашид, ки ба ҷустуҷӯи шавҳар мебарояд. Ин ҷо бо муҳоҷирзани молдавание шинос шуд. Наташа ба ӯ маслиҳат дод, ки тавассути интернет шавҳарашро кобад. Баъди кофтукоби зиёд аз як деҳаи дурдасти шаҳри Воронеж ба номаш нома омад, ки чунин марди тоҷикро дар як хонаи сарватманде дидаанд. Фарзона чипта хариду ба шаҳри Воронеж сафар кард. Шавҳарашро дар хонаи шахси машҳуру криминалие дарёфт, ки ба ғуломӣ машғул буд. Муҳофизони ин марди руси нав ӯро ба даруни ҳавлӣ даромадан нагузоштанд. Ӯ бо забони русӣ баланд-баланд дод зада мегуфт, ки шавҳарашро ин ҷо ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд. Ногаҳон соҳиби хона садои баланди ӯро шунида давида баромаду пурсон шуд, ки ин зан чӣ мехоҳад?
- Ман зани Хуршед аз Тоҷикистон ҳастам. Шунидам, ки ӯро шумо ин ҷо чун ғулом нигоҳ медоред.
- Тавба, ту чӣ хел исбот карда метавонӣ, ки чунин тоҷик дар хонаи ман кор мекунад?
- Медонам. Ӯ ин ҷост.
- Медонӣ, ман сад хонаву кушк дорам. Дар кадомаш бошад, ман намедонам. Чунки ман вақти бо ғуломон суҳбат кардан надорам. Аммо чанде пештар як нафар ғуломи тоҷикро барои бо зани собиқам ишқварзӣ карданаш ҷазо дода, бурда дар як бешазор мисли саг партофта будам. Шояд ин ғулом шавҳари ту бошад?
- Не, хато мекунӣ, шавҳари ман чунин одам нест.
- Шояд. Аммо барои ҷасуриат ман туро муваққатан барои занам ҳамчун хизматгор ба кор мегирам. Шавҳаратро ки ёфтӣ, ҷавобатон медиҳам. Аммо бемузд кор мекунӣ. Ман аз пасат одам мемонам, то туро хуб биёмӯзад. Ана баъд шавҳаратро мекобам, ки дар кадом кушкам ғулом бошад...
- Албатта, ман розиям. Барои ман шавҳарам бошад, шуд.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН