Arzon march 2024
Дар Тюмен муҳоҷирони меҳнатӣ ҳақи заҳмати худро ду баробар баланд карданд
739

Муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Тюмен кор мекунанд, ҳақи заҳмати худро якбора ду баробар аланд бардоштаанд. Барои корҳое, ки пештар бар ивази 2000 рубли русӣ анҷом медоданд, акнун муҳоҷирон 4000 рубл талаб карда истодаанд Дар ин бора lenta.ru хабар додааст.

“Муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи наздик (Осиёи Миёна дар назар аст) ҳаққи меҳнати худро баланд бардоштаанд. Акнун онҳо барои корҳое, ки пештар бар ивази 2000 рубли русӣ анҷом медоданд 4000 рубл талаб карда истодаанд. Новобаста ба болоравии ҳаққи хизмати муҳоҷирон сокинони маҳаллӣ маҷбуранд, ки онҳоро барои анҷом додани корҳои хоҷагӣ киро намоянд, зеро мушкили норасоии қувваи корӣ торафт бештар эҳсос мешавад”,- навиштааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол Ura.ru. низ аз баланд шудани ҳақи хизмати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тюмен хабар дода, аз қавли як манбаъи худ навиштааст, ки айни замон музди миёнаи меҳнати муҳоҷирон беш аз 4000 рубли русиро ташкил медиҳад, ҳол он ки як моҳ пеш он ҳамагӣ 2000 рублро ташкил медод.

“Болоравии ҳаққи заҳмати худро муҳоҷирони меҳнатӣ бо он асоснок менамоянд, ки қисми зиёди муҳоҷирон имсол Тюменро тарк намуда ба хонаҳои худ баргашта истодаанд, раванди омадани муҳоҷирони нав бошад, ниҳоят суст шуда, қувваи корӣ намерасад”,- навиштааст Ura.ru.

Тавре ки расонаҳои русӣ менависанд, новобаста ба ду маротиба қиммат шудани ҳаққи хизмати муҳоҷирони меҳнатӣ мардуми маҳаллӣ маҷбуранд, ки онҳоро барои анҷом додани корҳои хоҷагии худ киро намоянд, зеро имрӯз дар аксари соҳаҳо, махсусан дар бахши сохтмону таъмири хона ва хоҷагии қишлоқ норасоии шадиди қувваи корӣ эҳсос мешавад.

Ёдрас мешавем, ки пас аз ҳодисаи нохуши дар Крокус-Сити-Холл рӯйдода Федератсияи Русия қонунҳои муҳоҷиратии худро тағйир дода, раванди санҷишу тафтиши муҳоҷиронро пурзӯр гардонд. Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони пулис ва дигар мақомотҳои қудратии ин кишвар зери фишори хеле шадид қарор гирифта, маҷбур шуданд аз баҳри кор дар Русия гузашта ба Ватани худашон баргарданд.

Бо ҳар баҳона роҳ надодани муҳоҷирон ба қаламрави Россия вазъиятро боз ҳам шидадтар гардонд ва имрӯз кам андар кам муҳоҷирон барои кор ин кишварро интихоб менамоянд. Аксари муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кӯшиш карда истодаанд, ки ба мамолики Аврупо, Туркия, кишварҳои арабӣ ё Куриёи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД