Дар тӯй анъанаҳои зиёд аст. Ҳар миллату қавм тӯйро ба таври худ мегузаронанд. Аммо як унсуре ҳаст, ки дар тамоми тӯйҳо дида мешавад, ин гулдастаест, ки домод барои арӯс меорад. Он ниҳоят зебо ва романтикӣ аст ва ҳама духтарони муҷарад ҳаваси ба даст гирифтани ин гулдастаро доранд.
Дар аввал ин гулдаста калону пур аз гулу баргҳои ҳархела буд. Вале акунун он хурдакаки зебое мисли арус нозук омода мешавад, ки ниҳоят бо либоси сафеди арусӣ мувофиқ меояд.
Миёни ҳамаи гулҳо, ки барои худ хосияти хос доранд, гулҳои зебое ҳастанд, ки бо ҳамроҳии зебоии худ, инчунин, маънии хос доранд ва ҳангоми ба арӯс туҳфа кардани он бо ҳамроҳи худ мақсади домод баён мешавад.
Гули орхидея, ки дар ин миён бо хусусияти хосу қиммати баландаш миёни гулҳо шоҳона интихоб шудааст, ҳанӯз дар замони малика Виктория (Англия) дар охирҳои асри Х1Х мавқеъ пайдо намуда буд ва то ин дам миёни гулдастаҳои гуларусон садрнишин аст.
Дар миёни гудастаҳои арӯсон савсани сафед низ ҷойи намоён дорад. Он вобастагии ду нафарро нишон медиҳад. Бо ин сабаб дар Фаронса аз рӯзи номзадӣ то рӯзи туй як дона савсан ҳар рӯз ба номзад дода мешуд, ки ниҳоят зебо аст.
Гули ёс (розмарин) нишонаи садоқатро дорад. Ёсуман ҳамбастагии ду нафарро инъикос менамояд. Марде, ки ба арӯс гули ёсуман туҳфа мекунад, маънои онро дорад, ки арус барояш ниҳоят муҳим аст.
Бояд қоил шуд, ки аз ҳама гули машҳур миёни гулдастаҳои тӯйӣ ин садбарг аст. Ба он хотир, ки садбарги сурх маънои ишқи бепоён ва садбарги сафед нишонаи назокату покиро дорад. Туҳфа намудани он дар чунин рӯз маънои хоси худро нишон медиҳад.
Гул ҳама вақт маънои зебоию назофатро дорад, аммо дар ин миён ҳама вақт ишқ ва ибрози муҳаббат муҳим аст. Гулдаста ҳама вақт зеботар мешавад, агар он бо муҳаббат тақдим шавад.