“Мо аз рӯи ҳамаи пешниҳодҳо дар самти ташхис ва табобати беморон, ки аз ҷониби “Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ” ба Тоҷикистон ворид шудааст, фаъолият карда истодаем. Аз ҷумла, курси чормоҳаи табобати бемории сил, ки аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар дигар давлатҳо чанде қабл оғоз гардидааст, баъд аз хулосаи он кишварҳо ва натиҷаи хуб нишон додан, ҳатман ба кишвари худ ворид мекунем.”
Ин нуктаро Раҷабзода Аслиддин, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар нишасти хабарии 10-умин Симпозиуми минтақавӣ оид ба масъалаҳои табобати беморони сил дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (АШОМ) қайд намуд. Гуфта шуд, ки Барномаи мубориза бо бемории сил барои солҳои 2003-2010 қабул гардид, ки дар натиҷаи он бемории сил пурра зери назорат гирифта шуд.
Сатҳи баландтарини беморшавӣ низ дар ҳамин сол ба қайд гирифта шуда буд, ки 85,1 ба 100 000 аҳолиро ташкил медод. Фавт низ дар ҳамин сол бо баландтарин нишондод - 7, 5 ба 100 000 ба қайд гирифта шуда буд.
Дар соли 2022 нишондоди беморшавӣ ба 39, 7 ба 100 000 аҳоли расида, фавт аз бемории сил ба 1, 0 ба 100 000 аҳолӣ рост меояд. Оморҳо нишон медиҳад, ки беморшавӣ тақрибан 3 маротиба ва фавт 7 маротиба коҳиш ёфтааст. Бо ҳисоби миёна 10 фисади беморони ба қайд гирифташудаи соли 2022 кӯдакон мебошанд, ки тақрибан 380 нафарро ташкил медиҳанд.
Наврӯз Ҷафаров, намояндаи Вазоарти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бемории силро, на танҳо мушкилии Тоҷикистон, балки тамоми олам гуфта, қайд кард, ки ин беморӣ хусусияти иҷтимоӣ дошта, яке аз омилҳои он муҳоҷирати меҳнатӣ аст.
Мавсуф ишора кард, ки эҳтимоли сироятёбӣ дар ҳар як табақаи кишрҳои ҷомеаи имрӯз вуҷуд дорад. “Дар натиҷаи чорабинии мазкур усулҳои нави табобат дар муддати кӯтоҳ, ки шакли мутобитқгаштаи бемориро аз байн барад, баррасӣ мешавад. Ҳамчунин, барои харидории доруворӣ ва усулҳои нави табобат барои соли ҷорӣ барои Гранти нав дархост равон кардем, ки тибқи он зиёда аз 10 миллион долари ИМА ба Тоҷикистон барои солҳои 2024- 2026 ворид хоҳад шуд. Мақсад аз ин ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани беморон ва канда шудани занҷираи сироятёбӣ буда, тибқи нақшаҳои глобалии ҷаҳон то охири соли 2023 шумораи бори аввал ба қайд гирифташудаҳо ба сифр оварда расонида мешавад”, - гуфт Н. Ҷаффаров.
Икбол Худа, намояндаи ташкилоти “Духтурон бидуни марз” дар бораи оғози фаъолияташон дар Тоҷикистон сухан ронда, қайд кард, ки бори аввал соли 1997 то 2003 ҷиҳати мубориза бар зиди бемории сил дар миёни кӯдакон ба кор шурӯъ намуд. Баъд аз як муддати тавақуф он дубора соли 2011 рӯи кор омад. “Кӯшиш дорем роҳҳои табобатеро ҷорӣ намоем, ки барои кӯдакон мувофиқ ва дастрас бошад.
Тибқи усули табобате, ки имрӯз пешниҳод карда истодаем, кӯдакон дар муҳити оила табобат меёбанд. Вақте онҳо бо аъзои оилаи худ ба табобат фаро гирифта мешаванд, тамоми гуфтаи духтурронро иҷро намуда, дорувориро саривақт истеъмол мекунанд”,-гуфт ӯ.
Норман Ситали, намояндаи ташкилоти “Духтурон бидуни марз” хушбин аст, ки дар Тоҷикистон табобати кӯдакони бемории силдошта натиҷаҳои хуб додааст ва онҳо ба дигар кишварҳо мубодаилаи таҷриба хоҳанд кард.
Бояд қайд намоем, ки дар кишвари мо дар самти коҳиш додани бемории сил, инчунин ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи "Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон" фаъолият дошта, он дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ як қатор лоиҳаҳоро татбиқ менамояд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон лоиҳаи "Ҷомеаи ман бидуни сил"-ро, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешавад, амалӣ менамояд. Ин лоиҳа дар шаш шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ гардида, мақсади асоси он дарёфт, ташхис ва ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани беморони сил аст.
Тибқи омор Тоҷикистон аз ҷиҳати шифоёбӣ дар ҷаҳон дар ҷойи 27-ум қарор дошта, маротиба дуюм аст, ки мизбони Симпозиуми АШОМ мебошад.