arzon replenishment
Дар Тоҷикистон аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ доир мешавад
1118

Аз 1 то 3-юми октябри имсол дар шаҳри Истаравшан Фестивали якуми байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» баргузор мегардад, ки дар он 20 узви Раёсати Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ, зиёда аз 40 ҳунарманд аз давлатҳои аъзои Шӯро, 80 ҳунарманд аз шаҳри Истаравшан ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Дар ҳошияи Фестивал намоиши маҳсули дасти ҳунармандони давлатҳои аъзои Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, ҳунармандони шаҳри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, маросими супоридани Шаҳодатнома ба шаҳри Истаравшан ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ», шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихиву растаҳои ҳунармандон ва ташрифи меҳмонон ба Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дар назар аст.

Дар ин фестивал дар баробари дигар ҳунармандон омӯзгорони Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки аз ҳунармандони ҳирфавӣ иборатанд, бо маҳсули дасти худ иштирок мекунанд. Коллеҷ аз рӯи 13 ихтисосу равияҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла санъат ва ҳунарҳои бостонии гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, адрасу атласбофӣ ва қолинбофӣ мутахассисони соҳибмаълумотро тайёр менамояд. Дар он 43 нафар устодону омӯзгорон, рассомон ва ҳунармандони халқӣ ба донишҷӯён нозукиҳои ҳунарҳои халқии тарроҳии либосҳои миллӣ, кандакорӣ, армуғонсозӣ, наққошӣ, графика ва хаттотӣ, гаҷкорӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳоро меомӯзонанд.

Мавриди зикр аст, ки аз оғози таъсисёбӣ ҳунармандони Коллеҷ зиёда аз 70 маротиба дар намоишгоҳҳои эҷодии шаҳрӣ, 33 маротиба дар вилоятӣ ва 29 бор дар озмуну фестивалҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷоизаву ифтихорномаҳо шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД