Дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии
бидуни буриш анҷом дода шуд
Табибони тоҷик бори аввал ҷарроҳии ғадуди зери меъдаро бидуни буриш тариқи эндоскопӣ анҷом доданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки табибон як бемори 22-солаи гирифтори кистаи қисми бадани ғадуди зери меъдаро дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо усули нав бидуни бурриш ҷароҳӣ кардаанд. Амалиёт бомуваффақият гузашта, беморро баъди 24-соати ҷарроҳӣ ба хона ҷавоб додаанд.
Қаблан ҷарроҳии мазкур бо усули буриши ҷисм гузаронида мешуд ва маризон зуд шифо намеёфтанд. Ба шарофати усули нави ҷарроҳӣ саломатии беморон дар муддати кӯтоҳ барқарор гашта, ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд.