goodwell
Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд
16.10.2026
Oila.tj
163

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад.

Тибқи қарори қабулшуда, маҳдудият то охири соли 2026 амал мекунад. Корфармоён ва соҳибкорони шаҳр вазифадоранд, ки то 15-уми декабри соли ҷорӣ шумораи кормандони худро ба талаботи нави муқарраршуда мутобиқ созанд.

Ба кӣ ин маҳдудият дахл надорад?

Манъи мазкур ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё - Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон, инчунин ба баъзе гурӯҳҳои хориҷиёне, ки иҷозатномаи махсуси кор доранд, аз ҷумла мутахассисони баландихтисос, дахл надорад.

Қаблан низ дар Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки ба ҳайси ронандаи таксӣ ва курер фаъолият мекарданд, маҳдудиятҳои корӣ ҷорӣ шуда буданд.

Ин тасмим метавонад ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин соҳаҳо бо патент кор мекунанд, таъсир расонад. Аз ин рӯ, ба муҳоҷирон тавсия мешавад, ки пеш аз идомаи фаъолият талаботи нави қонунгузорӣ ва шартҳои патенти худро мушаххас кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД