Русия тасмим гирифтааст, ки раванди хариди симкортро барои шаҳрвандони хориҷӣ бозбинӣ намояд. Минбаъд барои гирифтани симкорт муҳоҷирони меҳнатӣ бояд бо шиносномаи биометрии худ ба ширкатҳои мобилӣ муроҷиат намоянд.
Тибқи лоиҳаи қонуни наве, ки ба Думаи давлатии Россия пешниҳод шудааст, минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани симкорт бояд шахсан худашон ба ширкатҳои мобилӣ муроҷиат намоянд. Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бо пешниҳод намудани шиносномаи биометрии худ барои истифодаи шахсӣ то 10 рақами телефон бигиранд. Дар ин бора РИА “Новости” дар такя ба гуфтаҳои сарвари Кумитаи бехатарии Думаи давлатии Россия Василий Пискарев хабар додааст.
"Талабот нисбат ба хориҷиён сахттар мешавад: шартнома танҳо ҳангоми ташрифи бевосита ба ширкати мобилӣ ва суҳбати рӯ ба рӯ бо оператори алоқа (дилер) баста хоҳад шуд. Шиносоии бевосита ва аутентификатсия бо истифода аз маълумоти биометрӣ ҳатмист”,- навиштааст Пискарев дар канали Telegram.
Тибқи маълумоти манбаъ, ба шартнома IMEI-коди муайянкунии дастгоҳи истифодашаванда (телефон, планшет, ноутбук) ва маълумот дар бораи муносибатҳои меҳнатии шаҳрванди хориҷӣ бо шахсони ҳуқуқӣ, яъне ҷойи кори муҳоҷир илова карда мешавад.
Шаҳрвандони хориҷие, ки симкорт доранд, бояд дубора бо тартиби нав аз қайд гузаранд.
Ҳадаф аз пешниҳоди қонуни нав пешгирии амалҳои террористӣ мебошад.