Formula novemver 2024
Дар Русия барои қабули имтиҳон аз муҳоҷирон нархномаи ягона ҷорӣ мешавад
761

Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия пешниҳод намудааст, ки барои қабули имтиҳони забони русӣ аз муҳоҷирон дар саросари кишвар нархи ягона ҷорӣ карда шавад. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.

- Аз хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардан мехоҳанд, барои супурдани имтиҳони забони русӣ 2950 рубл талаб карда шавад. Барои супурдани имтиҳони таърих ва асосҳои қонунгузории Русия низ ҳамин нархро бояд ҷорӣ намуд,- гуфтааст ин ниҳод.

Ҳамин тавр, барои шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар Русия иҷозаи зисти муваққатӣ бигиранд, нархи имтиҳони забони русӣ ва таъриху қонунгузории Русия 5900 рубл мешавад.

Муҳоҷирони меҳнатӣ бошанд, барои гирифтани патент ва иҷозаи кор барои ҳар як имтиҳон бояд 3800 рубл супоранд.

Ба навиштаи “Парламентская газета”, аз ҳисоби ин маблағ музди меҳнати кормандони пулис боло бурда мешавад.

Лоиҳаи қарор дар бораи таъини нархномаи ягонаи имтиҳонҳо барои муҳоҷирон то 7-уми ноябр мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қарори Думаи давлатии Русия ширкатҳои хусусӣ дигар ҳуқуқи қабул кардани имтиҳонро аз муҳоҷирони меҳнаӣ надоранд. Дар ҳар минтақаи Русия як донишгоҳи давлатӣ вазифадор карда шудааст, ки аз муҳоҷирон имтиҳон бигирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД