Formula novemver 2024
Дар Петербург муҳоҷирони ғайриқонуниро ҷустуҷӯ доранд
713



Кормандони пулис дар доираи як амалиёти вижа дар Петербург ба ҷустуҷӯйи муҳоҷирони ғайриқонунӣ машғул шуда, ҳолатҳои зиёди тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохтаро ошкор намудаанд.

Ҷустуҷӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар яке аз калонтарин шаҳрҳои Россия-Петербург идома дорад. Кормандони пулис барои таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣдоир ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба корхонаву муассисаҳои гуногун сар зада, муҳоҷирони ғайриқонуниро ҷустуҷӯ ва далелҳои нав ба нави тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохтаро ошкор карда истодаанд.

Ёдрас мешавем, ки ин амалиёт дар дораи як парвандаи ҷиноятӣ доир ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ гузаронида шуда, кормандони пулис ба корхонаҳои калони ноҳияҳои Московский, Кировский, Пушкино, Мурино ва Колпино, ки мағозаҳои калону хурди Петербургро бо хӯроки тайёр ва нимтайёр, гул ва дигар маҳсулот таъмин менамоянд, даромада, ҳуҷҷатҳои кормандонашонро санҷидаанд, муҳоҷирони ғайриқонуниро ҷустуҷӯ ва ҳуҷҷатҳои қалбакиро ошкор намудаанд.

Дар рафти ин амалиёт беш аз 25 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Россия ба таври ғайриқонунӣ кор ва зиндагӣ мекардаанд, ба чанг афтоданд.

Хотиррасон менамоем, ки парвандаи пурсарусадои ҷиноятӣ доир ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳанӯз соли 2021 кушода шуда буд. Тибқи гуфтаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айбдоршавандагон бо муҳоҷирони меҳнатӣ шартномаҳои меҳнатии сохта тартиб дода, баъдан ба мақомотҳои давлатӣ ҳуҷҷатҳои қалбакиро барои тартиб додани патент пешниҳод мекардаанд. Ҳамин тавр онҳо барои зиёда аз 160 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сохтаанд. Дар ин бора «Фонтанка» хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД