Ман дар яке аз ноҳияҳои ҷануби кишвар ба дунё омадаам. Волидонам одамони бообрӯтарини маҳаллаамон буданд. Падарам дар як корхонаи калон сармуҳандис, модарам муаллимаи номдор буданд ва тамоми ҳаққу ҳамсояҳо наздашон маслиҳатпурсӣ меомаданд.
Модарам зани бениҳоят зебо буд ва мардони зиёде сӯяш бо чашми харидорӣ менигаристанд, вале ӯро парвои касе набуд, чунки падарамро баробари ҷонаш дӯст медошт. Ба зиндагии ширинамон магар чашми бад расид, ки нооромиҳо сар шуда, айшамонро талх ва ҳаётамонро ба дӯзах мубаддал гардониданд.
Таҳдиди Забири авбош
Дар оғози нооромиҳо рӯзе ҳамроҳи модарам ба мағоза нонхарӣ рафтем. Баногоҳ мошине дар наздамон истод ва аз дарунаш қумандони хунхор Забир, ки сар то по мусаллаҳ буд, баромад. Тамоми мардум бо шунидани номи Забир талхакаф мешуданд, зеро овозаи бераҳмиаш дар саросари Хатлонзамин паҳн гашта буд. Забири хунхор бо нигоҳи харидорона саропои модарамро синча карда, гуфт:
-Муаллима, чӣ хелӣ? Ҳозир ҳам мара назарут намегира?! Бегоҳ ба хонаи ман биё, камтар чақ-чақ мекунем! Медонӣ-ку, ман тура нағз мебинум!
Модарам ба рӯйи Забир, ки аз овони ҷавонӣ талабгораш буд, нигоҳи нафратборе афканд ва аз ғазаб ларзида бонг зад:
-Ман аз дидори ту барин авбош безорам! Бо карру фари дурӯзаат ин қадар катагӣ накун, ба қарибӣ салтанати ту баринҳо поён меёбад!
Гапи модарам ба Забир сахт расида бошад ҳам, худашро ба даст гирифта, такрор кард:
-Ман хотири ишқи бачагим қати ту ба нағзӣ гап мезанам. Дониста мон, ки агар ба ихтиёри худут набиёӣ, шармандаи дӯсту душман мешавӣ! Ягон балои азима ба сарут мебиёрум ё шӯйи ҳаромата мекушуму тура зани дуюм карда мегирум!
-Номаъқул кардӣ, авбош,-дод зад модарам,-ман дар кӯча намондаам, ки зани дуюми ту шавам! Худоро шукр, шавҳаре дорам, ки як нохуни пояш баҳои садто ту барин манҷалақӣ аст.
Забир ба сари модарам мушт бардошта, ӯро заданӣ шуд. Бо тамоми овоз дод зада гиря кардам. Дасти Забир дар ҳаво муаллақ монд, гиряи ман командири хунхорро аз раъйаш магар гардонд, ки чашмакӣ зада гуфт:
-Оҳо, духтарут ранги худут хушрӯй будай-ку, маълима! Фикри ин чӯҷаи париям кун, ки тӯъмаи як гала шағолои гушна нашавад!
«Шағолҳои гушна» гуфта, Забир яроқбадастонеро дар назар дошт, ки ба вай итоат мекарданд. Овозаи баднафсию бераҳмии ин «шағолҳои дупо» дар тамоми маҳаллаҳои гирду атроф паҳн гашта буд. Онҳо бо зӯрии яроқ чандин духтарҳои қадрасро аз пеши чашми падару модаронашон бурда, номардона таҷовуз намуда буданд. Бечора духтаракони сиёҳбахт ба доғи абадии беномусӣ тоб наоварда, худкушӣ мекарданд ё худашонро оташ мезаданд.
Модарам бо шунидани ин гап ларзиду аз банди дасти ман маҳкам дошта, осемасар маро сӯи хонаамон кашола кард.
Илтиҷо
Ҳамон рӯз, бегоҳ дар сари дастурхон модарам илтиҷо намуд, ки чизу чораамонро гирифта ба шаҳр равем, вале падарам якравӣ карда гуфт:
-Дар ягон майдон нанишаста бошем, душман надошта бошем, кӣ ба мо кордор мешавад! Дар тақдирамон ҳар чӣ навишта шуда бошад, қатори мардум ҳамонро мебинем!
-Яроқ ба дасти дуздону нохалафон афтидааст, аз Забир барин авбошон ҳама чизро интизор шудан мумкин аст,-вазъиятро мефаҳмонд модарам, вале падарам сар намефаровард.
-Мурдан ҳақ аст, занакҷон, агар Худованд дар насибамон аз рӯзи азал аз дасти Забир мурданро навишта бошад, ба гӯшаи дигари дунё равем ҳам, вай моро меёбад,-даст афшонд падарам.
Бо ҳамин ба суҳбат дар мавзӯи ба шаҳр фирор кардан нуқта гузоштанд, вале модарам ҳамоно дар ҳарос буд ва ҳатто аз овози шараққоси дарвоза метарсид.
Қасоси нангини қумандон
Аз байн ду рӯз гузашт. Гумон кардем, ки қумандони хунхор таҳдидашро фаромӯш кардааст, вале хаёламон хом баромад. Бегоҳи рӯзи сеюм нав падарам аз кор баргашта, либосҳояшро иваз карда буд, ки Забир бо панҷ ҷавони дигари яроқнок зада ба ҳавлӣ даромаданд. Падарам нотарсона пеши роҳи авбошонро гирифта бонг зад:
-Забир! Ба ту авбош кӣ иҷозат дод, ки напурсида бо ин сагбачаҳоят ба хонаи ман дароӣ?! Тезтар гум шав, ки гӯратро меканам!
Қумандон дандонҳояшро ғиҷиросзанон таҳдид намуд:
-Ту кофир магар намедонӣ, ки ман кистам?! Ҳозир кӣ буданамро ба ту ва ин оимчаат нишон медиҳам!
Вай бо қундоқи автомат ба сари падарам зад ва сарвари хонадони мо сарашро дошта, оҳ гӯён ба замин афтид. Модарам шавҳари дар хун ғарқобашро дида, ҷонҳавл ба миёна даромад ва Забирро дашном дода, талаб кард, ки номардӣ накарда ба хубӣ баромада равад.
-Магар ман ба ту нагуфта будам, ки худат ба нағзӣ биё, набошад рӯзатро сиёҳ мекунам! Барои чӣ ин кора накардӣ? Ман аз шӯи кофирут чӣ камӣ дорум, фоҳиша,-бонг зад Забир.
- Ту ба нохуни пои шавҳарам намеарзӣ! Дафъ шав аз хонаам, номард,-паст наомада бонг зад модарам.
-Ҳозир ман ба ту мард ё номард буданма нишон метиюм,-Забир инро гуфта сӯйи навкаронаш чашмак зад.
Якбора чор ҷавони ҳузарб ба падарам дарафтоданд ва дастонашро ба қафо тоб дода, ӯро бо занҷир дар пояи сутуни пешайвон маҳкам бастанд.
-Тамошо кун, ки мардакӣ чихел мешава,-Забир масхараомез хандида аз зери манаҳи падарам бардошт ва ба зердастонаш амр кард, ки дастҳои модарамро банданд.
Бечора модарам ҳарчанд зӯр зад, зӯраш ба он шағолҳои дупо нарасид ва навкарони худонотарси Забир дар байни чанд лаҳза дастонашро бо ресмон маҳкам бастанд. Забир дар банд будани «сайд»-ро дида ба модарам наздик шуд ва бо корди тези дасташ куртаи танашро чок кард. Модарам дасту по зада кӯшиш мекард, ки раҳоӣ ёбад ва бадани урёнашро пинҳон кунад, вале яроқдорон ба вай имкони ҷумбидан намедоданд. Забири худозада бо як зарба модарамро болои кат афканд ва рӯяшро ба сӯйи падарам гардонда, абрӯ парронда гуфт:
-Кофир нигоҳ кун, ки мардӣ чи хелай!
Вай чолокона болои сайдаш баромад ва ба чашмони ашкбору ҷонҳавл почак заданаш нигоҳ накарда дар пеши чашми падарам ба номуси модарам таҷовуз намуд.
Падарам аз дарду алам доду фарёд мезад, вале коре карда наметавонист. Разил корашро тамом карда аз болои модарам хеста ва ғолибона ҷониби падарам нигариста гуфт:
-Маълима ранги духтарако таранг будай!
Падарам дигар маҷоли гап задан надошт. Қумандони худобехабар сӯйи шариконаш ишорат намуд ва шағолҳои гуруснааш бо навбат ба номуси модарам расиданд.
-Ҳозир кинои нава тамошо мекунӣ, кофир,-Забир боз аз зери манаҳи падарам бардошта маҷбур кард, ки сарашро бардорад, сипас назди ман омаду чанг зада аз банди мӯям дошт.
-Номарди худозада, ин кора накун, охир вай кӯдак аст,-бо тамоми овоз дод зад падарам ва аз шиддати асабоният лабашро газида хуншор кард. Қумандон аз ашку оҳи падари мисли шери занҷирбанд нотавонам лаззат бурда, девонавор бо тамоми овоз хандид ва маро мисли лӯхтак ба замин ҳаво дода, чолокона ҷуссаи бузургашро болоям партофт. Вай либоси тагамро бо зӯрӣ кашида маро урён намуд, сипас даст ба шимаш бурд. Лаҳзае пас дар байни пойҳоям дарди сахтеро, ки ба халидани корд ба бадан монанд буд, эҳсос намуда, аз ҳуш рафтам. Дигар дар хонаамон чӣ шуд ва Забири хунхор бо падару модарам чӣ кард, намедонам.
Чашм кушода худро дар беморхона дидам ва аз бародарам, ки дар болои сарам нишаста буд, падару модарамро пурсидам. Оби чашмонашро бо рӯймолча пок карда, сарамро ба оғӯш гирифту пичиррос зад:
-Сағера шудем хоҳарҷон, дигар ману ту падару модар надорем!
Азоби алими ятимдухтар
Як моҳ пас маро аз беморхона ҷавоб доданд, вале дигар мисли пештара духтари хандону шӯх ва бо ақлу ҳуш набудам. Садамаи сахти рӯҳии ҳамон рӯзи наҳс гирифтаам ақламро коста буд. Девона шуда бошам ҳам, чандон ақлбохта набудам, ки падару модарамро дар ёд надошта бошам. Бародари калониам ҳоли зори маро дида, зан гирифт, то парасторе ёбам. Янгаам рӯзҳои аввал бо ман меҳрубон буд, вале баъди кӯдакдор шуданаш ҷомаашро чаппа пӯшид. Дар сари гаҳвораи ҷиянчаи навзодам нишаста, алла мегуфтаму аламҳои дилам рӯ мезаданд ва нолида-нолида гаҳвора меҷумбондам. Янгаам аллаҳои пурғаму ашколудамро шунида ба ғазаб меомад ва ба сарам пай дар пай чанд мушт кӯфта, мегуфт:
-Девонаи худозада, бачама бо ин аллаҳот талхакаф мекунӣ!
Рӯзам аз ҷабри янга ба шаби тор мубаддал гашта бошад ҳам, хотири бародарам лаб газида ба ҳама ранҷу ҷафояш тоқат мекардам, вале…
Туҳмати янга
Рӯзе баробари аз кор баргаштани бародарам янгаам рӯю мӯяшро канда фиғон бардошт:
-Хоҳари девоната гум кун, ки ягон рӯз бачамона мекушад!
Акаам ҳайрон шуда, хоҳиш кард, ки равшантар гап занад.
Ҳамин рӯз бо чашми худам дидам, ки корди тез дар дасташ дар болои сари кӯдак истода дод мезад: «Бачаи Забирӣ, отат очаҷони мана куштагӣ буд, ҳозир ман туро мекушам» туҳмат намуд янгаам.
Бародарам ин гапро шунида як қад парид ва дар умраш бори аввал ба рӯям як шаппотӣ зада пурсид:
-Барои чӣ корд гирифтӣ?
Гириста-гириста гуфтам, ки янгаам дурӯғ мегӯяд, ман корд нагирифтаам, аламам омаду дар сари гаҳвора нолаи падару модарамро кардам, аммо бародарам ба гапам бовар накарда, маро чунон бераҳмона зад, ки аз даҳону биниам хун фаввора зад. Хайрият, ки ҳамсоязан давида омаду маро аз зери шаттаи бародарам халос кард, вагарна дар таги мушту лагад мемурдам.
-Аз ғазаби Худо наметарсӣ?! Наход одам хоҳари худаш, ягона нишонаи падару модари шаҳидашро ин қадар бераҳмона занад?! Оҳи дили ин паршикастаи бадбахт туро мегирад,-ҳамсоязан бародарамро боз хеле сарзаниш карда, мани бадбахти дар хун оғӯштаро бо мошини писараш ба беморхона бурд.
Соҳибдори бесоҳиб
Қариб як моҳ дар беморхона хобида бошам ҳам, на бародари бемеҳрам ба суроғам омаду на зани туҳматиаш. Хайрият, ки дили табибон ба ҳоли мани соҳибдори бесоҳиб сӯхту маро ба хонаи бепарасторон супурданд, вагарна кӣ медонад, ки ҳолам чӣ мешуд. Худованд ягон касро аз падару модар бенасиб ва ба апаю хоҳару акаю додар зор накунад!
Барно, собиқ сокини Вахшонзамин