Ду нафар сокинони шаҳри панҷакент ба идораи сомонаи "Оила" занг зада, хабар доданд, ки ду донишҷӯи ҳамдеҳаашонро, ки як рӯз қабл имтиҳонҳои охиринашонро дар донишгоҳ супурда, майли ба хона баргаштан доштанд, дар даромадгоҳи шаҳри Панҷакент, деҳаи Киштӯдак бо баҳонаи ҳарораташонро санҷидан, иҷозати ба хонаҳояшон баргаштанро надода, ба хизмати ҳарбӣ бурдаанд.
Ин рафтори кормандони Камиссариати ҳарбӣ боиси нигаронии аҳли оилаи донишҷӯён гаштааст. Онҳо ин рафтори кормандони Комиссариати ҳарбиро ноодилона ва роҳзанӣ номида, даъво доранд, ки фарзандҳояшонро ҷавоб диҳанд, то аз моҳи сентябр магистратура хонданашонро идома дода, аз рӯи ихтисосашон дар кишвар кору фаъолият намоянд.