Formula novemver 2024
Дар никоҳи додаршӯ
2169

Баъди ҷанги шаҳрвандӣ шароити зиндагиамон вазнин шуду аз синни чордаҳсолагӣ аз мактаб баромада, ба кори саҳро шурӯъ кардам. Мо дар оила ду духтар будему халос. Падарам дар ҷанг аз дасти кадом нохалафе тир хӯрда, аз як пой маҳрум гашта буд.

Модарам аз паи нигоҳубини ӯ овора буд. Кори саҳро мушкил бошад ҳам, ба хотири падару модар тоқат мекардам. Хоҳарчаам Сабрина дар синфи панҷум мехонду ба кору бори модарам ёрӣ мерасонд.

Аз ҳеҷ куҷо даромади зиёдатӣ надоштем. Зиндагиамонро базӯр пеш мебурдем. Либосҳои кӯҳна, вале тозаву озода мепушидам. Дугонаҳоям дар кӯчаҳо бо писарон аз бобати ишқ гап мезаданду ишқварзӣ мекарданд, ман бошам, дар бораи ишқ тасаввуроте надоштам. Рӯзҳову моҳҳо мегузаштанду дугонаҳоям мактабро хатм карданд.

Рӯзе дугонаам Шоира ба сари замин омада, маро ба тӯяш даъват кард. Духтари зебою қадрас шуда будам, аммо либоси нав надоштам, ки пӯшида ба тӯйи дугонаам равам. Ба фикр фурӯ рафтам, ки ба тӯй чӣ пӯшида равам. Модарам ғамгин будани маро пай бурда пурсид:

-Духтарам ягон ҷоят дард мекунад? Агар хаста шуда бошӣ, дигар ба кори саҳро набаро. Мо туро маҷбур намекунем.

-Не модарҷон, Шоира маро ба тӯяш даъват кардааст.

Модарам мақсади маро пай бурда, субҳи барвақт ба хонаи холаам рафта, куртаи духтари холаамро овард. Рӯзи тӯй куртаи атлас ба ҳуснам ҳусни дигар зам мекард. Зани миёнасоли аз тарафи домод омада ба ман дуру дароз нигариста, ба зани дар наздаш буда, маро ишора карда чизе мегуфт.

Нигоҳамро аз онҳо гурезонда, худро дар канор гирифтам. Тӯй тамом шуд. Шоираро гусел кардему хурсандона ба хона омадам. Як бегоҳ аз кор баргашта, дар назди хонаамон мошини бегонаеро дида, ҳайрон шудам. Хоҳарам Сабрина шодикунон ба пешвозам баромада “апаҷон, шодиёна деҳ, туро ба шавҳар медиҳем” гуфт. Ашк дар чашмонам ҳалқа зад.

Намехостам падару модарамро танҳо монда, ба шавҳар бароям, аммо падарам хостгорон одамони бою бадавлат гуфта, маро фотиҳа карданд. Хешу таборҳо маслиҳат карда, чизу чораи арӯсиямро харидорӣ карданд. Барои ман зару зевар муҳим набуд, фақат бахти сафед мехостам. Чунки дар зиндагӣ азоби бисёр кашида будам. Пас аз як ҳафта волидони домод омада, рӯзи тӯйро аниқ карданд. Онҳо ҳама хароҷоти тӯйро ба зиммаи худ гирифтанд. Шаби никоҳ ба қираи чашм ба домод нигариста, шайдои ҳусну ҷамолаш шудам.

Дугонаҳоям ҷуфти муносиб гуфта, Шӯҳратро таъриф мекарданд. Рӯзи тӯй падарамро бо аробачаи маъюбӣ ба берун бароварданд. Саҳни ҳавлӣ пур аз одам буд. Худро дошта натавониста, падарамро ба оғӯш гирифта, бо овози баланд гиристам. Аз дидани ин манзара хешу табор ҳама ба гиря даромаданд. Хулас, тӯй бо дабдаба гузашту мани камбағалдухтар пой ба остонаи хонаҳои боҳашамати домод гузоштам.

Азбаски духтари азобдида будам, ба ҳама корҳои хонаи онҳо сабру тоқат мекардам. Модарам, ки зани босавод буд, доим маро насиҳат мекард, ки ҳурмати хусуру хушдоманамро ба ҷо орам. Шавҳарам бачаи бад набуд, маро дӯст медошт. Бо бародараш Фурқат дар як корхона кор мекард. Аз хонадоршавии Фурқат панҷ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, онҳо фарзанддор нашуда буданд. Ҳамсараш Нозон духтари шаҳрӣ буду касеро писанд намекард.

Аз рӯзе, ки ман ба он хона келин шуда омадам, хушдоманам дар назди ҳамсояҳо маро таъриф мекарду ӯро бошад, паст мезад. Нозон онқадар дар ҳусн зебо набошад ҳам, худро аз ҳама боло медонист. Маро камбағалдухтар гӯён, писханд мезаду масхара мекард. Нозон бо забондарозиаш худро дар назди аҳли оила шумрӯ карда буд.

Ман хусуру хушдоманамро мисли падару модарам ҳурмату иззат мекардам. Хушбахтона пас аз се моҳи хонадорӣ ҳомиладор шудам. Шӯҳрат ин хабарро шунида, аз модараш ҳадя мегирифт. Он рӯз дар хонаи мо ид буд. Шӯҳрат бароям гарданбанди тилло ҳадя кард.

Нозон меҳрубониҳои шавҳарам ва хушдоманамро дида, дарун дарун месӯхт. Беҳудаю баҳуда бо ман ҷанҷол мебардошт. Ҳомиладории ман боиси рашку ҳасади Нозон гашта буд... 

Давом дорад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД