Имрӯз, 8-уми июл Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, ки кормандони мақомоти интизомии Маскав бо мақсади ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ боз рейд гузарониданд.
Мушаххас нест, ки амалиёт кай гузаронида шудааст, вале тавре Кумитаи тафтишотӣ иттилоъ додааст, дар ҷараёни ин рейд хобгоҳҳо ва масҷидҳои шаҳри Маскавро тафтиш намуда, зиёда аз 500 нафар муҳоҷиронро ба идораи пулис бурдаанд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки аз ин шумора беш аз 30 нафар барои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ва будубош аз Русия ихроҷ шуданд.
Дар рафти амалиёт нафареро пайдо кардаанд, ки дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор доштааст.