formula
ДАР МАРГИ ҶАБРАИЛ КӢ ГУНАҲКОР АСТ?
2454


Вазрати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани як садамаи марговар дар пойтахт хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, шоми 10-уми июл, тахминан соати 23:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», Ҳукмиддинов Низом Файзуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат кардан бо зеркӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе дар рӯ ба рӯи бинои истиқомати №369 аз ӯҳдаи идора кардани воситаи наклиёташ набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи «Фолксваген-Пассат», ки таҳти идораи, Сатторов Сиродҷиддин Ҳотамуродович, соли таваллудаш 1989, сокини пойтахт бо роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири «Фолксваген-Пассат» хурдсол, Сатторов Ҷабраил, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД